БОЗИҲОИ ОЛИМПИИ ПАРИЖ-2024. Имрӯз варзишгари Тоҷикистон Виктор Рассадин аз намуди гӯштини тарзи озод барои медали биринҷӣ рақобат менамояд
ДУШАНБЕ, 10.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 варзишгари Тоҷикистон Виктор Рассадин аз намуди гӯштини тарзи озод дар вазни то 74 кг барои медали биринҷӣ рақобат менамояд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Ӯ дар даври аввал бар варзишгар аз Юнон Йоргас Кюмтсидиси ва дар даври 1/4-ниҳоӣ бар Лу Фенг аз Чин пирӯз шуд.
Дар даври нимниҳоӣ Виктор Рассадин аз варзишгари узбекистонӣ Разамбек Жамалов шикаст хӯрд.
Дар рақобат барои медали биринҷӣ варзишгари Тоҷикистон бо Чермен Валиеви албанӣ неру месанҷад.
Рақобатҳо соати 21:15 ба вақти Душанбе оғоз мегарданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳоло дастаи олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 се медали биринҷӣ дорад. Медалҳои биринҷиро дар намуди ҷудо Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 81 кг, Темур Раҳимов дар вазни + 100 кг ва дар бокс Давлат Болтаев дар вазни то 92 кг ба даст овардаанд.
АКС аз манбаъҳои боз








Гурӯҳи доварон аз Тоҷикистон бозии дастаҳои Сурия ва Афғонистонро ҳакамӣ мекунад
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Пагоҳ бозии даври 6-уми марҳилаи интихобӣ байни дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Филиппин доир мешавад
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Чемпионати Осиё оид ба ҷудо дар Чин иштирок мекунад
Дар Бадахшон беҳтаринҳо дар гӯштин, волейбол ва дави наврӯзӣ муайян гардиданд
Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд






