«ДӮСТ ОЯД, ГАРМ ДАР ОҒӮШ ГИР». Ҷавонони Душанбе ба меҳмонӣ ба шаҳри Хоруғ рафтанд

Август 16, 2024 15:03

ДУШАНБЕ, 16.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи дастгириву роҳнамоиҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади шиносоӣ бо урфу одат, анъана, фарҳанги миллӣ, таҳкими дӯстиву ҳамдилӣ дар байни ҷавонони шаҳрҳои Душанбе ва Хоруғ таҳти унвони «Дӯст ояд, гарм дар оғӯш гир» Фестивали дӯстии ҷавонони пойтахт ташкил  гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзииши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар оғози меҳмонии ҷавонони пойтахт муовини Раиси шаҳри Душанбе бо иштирокчиён вохӯрӣ намуда, изҳор дошт, ки бо таваҷҷуҳ ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои ҷавонпарвари миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷавонони мо дар ҳама самт фаъолияти назаррас дошта,  муаррифи миллату давлат дар арсаи байналмилалӣ мебошанд.

Изҳор шуд, ки имрӯз ҷавонон аз ҳуқуқҳои зиёд бархӯрдоранд, аз ҷумла ҳуқуқ ба идоракунӣ, иштирок дар маъракаҳои сиёсӣ ва фаъолияти гуногуни ҷамъиятӣ, ки ҳамаи ин дар Конститутсияи мамлакат ва дигар санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ нишон дода шудаанд.

Ёдовар мешавем, ки Фестивали дӯстии ҷавонон 15 август оғоз гардида, то 18 август идома меёбад.

Дар доираи баргузории чорабиниҳо иштирокчиёни фестивал бо маконҳои таърихиву фарҳангӣ, мавзеъҳои сайёҳӣ ва меҳмондориву меҳмоннавозии ҷавонони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Шамсиддини  Шоҳин, Дарвоз, Рӯшон ва шаҳри Хоруғ аз наздик шинос мешаванд.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 16, 2024 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд
Намояндагони Тоҷикистон дар Ню-Йорк дар ҳамоиш оид ба ҳуқуқи занон ба замин иштирок намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар мубоҳисаҳои умумии ҷаласаи 70-уми Комиссияи СММ оид ба мақоми зан иштирок намуд