«ДӮСТИРО ҶУСТУҶӮ ДОРЕМ МО…». Форуми дӯстии ҷавонони шаҳрҳои Душанбе ва Хоруғ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 20.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ таҳти унвони «Дӯстиро ҷустуҷӯ дорем мо…» Форуми дӯстии ҷавонони шаҳрҳои Душанбе ва Хоруғ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар фестивал иброз гардид, ки имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол дар фазои орому осоишта ва сулҳу ваҳдат ба сӯи ояндаи дурахшон қадамҳои устувор гузошта, мардуми шарифи он бо шукргузорӣ аз ин неъмати бебаҳо ба меҳнати фидокорона ва созандагиву бунёдкорӣ машғул мебошанд.
Ташаббусҳои созандаи ҷавонон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҳамеша дастгирӣ ёфта, ҷавонон дар корҳои роҳбарӣ дар шохаҳои ҳокимият, истеҳсолоту тиҷорат ва илму маърифат пурсамар фаъолият доранд.
Баргузории фестивал имкон дод, ки ҷавонони гуногункасб дар як муҳит ҷамъ омада, аз бурду бохт ва дастовардҳояшон ба ҳамсолон ва ҳамкасбон ибрози андеша намоянд. Ин майдон шароити мусоиди табодули маълумот, таҷрибаомӯзӣ, шиносоӣ, фароғат ва таҳкими дӯстиро барои ҷавонони ин минтақаҳо фароҳам меорад.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






