Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Стратегияи рушд қабул гардид

Август 3, 2024 13:24

ДУШАНБЕ, 03.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имсол Стратегияи рушди Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» барои давраи то соли 2040» ва Нақшаи амали Стратегияи рушди Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» барои давраи то соли 2040 дар марҳилаи якум (солҳои 2024-2026) таҳия ва бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 июни соли 2024 тасдиқ гардид, ки дар низоми таҳсили олии мамлакат падидаи нав маҳсуб мешавад. Ин нуктаро ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода 2 август дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт.

Убайдулло Асрорзода афзуд, ки Стратегияи рушди донишгоҳ барои давраи то соли 2040 аз 8 боб ва 10 самти асосӣ- такмили низоми идоракунии донишгоҳ, рушди инфрасохтори донишгоҳ, рақамикунонии фаъолияти донишгоҳ, такмили сиёсати академию таҳсилотӣ, тақвияти иқтидори кадрӣ, рушд ва дастгирии таҳқиқоти илмӣ ва фаъолияти инноватсионӣ, густариши робитаҳои байналмилалӣ, тақвияти фаъолияти тарбиявӣ ва рушди иҷтимоӣ, тақвияти ҳамкорӣ бо субъектҳои бозори меҳнат ва татбиқи принсипҳои рушди устувор дар фаъолияти донишгоҳ иборат мебошад. Стратегия дар 7 марҳила бо таҳияи нақшаҳои татбиқи он амалӣ карда мешавад.

Татбиқи ҳадафу вазифаҳои алоҳидаи Стратегияи рушди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, ба монанди таҳияи низоми менеҷменти сифат, рақамикунонии равандҳои таълим, рушди таҳқиқоти илмӣ ва тиҷоратикунонии натиҷаҳои он, густариши робитаҳои байналмилалӣ, татбиқи принсипҳои иқтисоди «сабз» на танҳо барои донишгоҳ, балки баҳри дигар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва низоми таҳсилоти олии мамлакат муфид мебошад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 3, 2024 13:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба тамоюлҳо ва дурнамои рушди инноватсиониии иқтисоди рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир гардид
Дар Данғара Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ доир шуд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Кӯлоб Форуми омӯзгорону муҳассилини Тоҷикистону Русия баргузор шуд
Нушофарин Раҷабзода ғолиби даври шаҳрии Озмуни «Хонандаи сол – 2025» гардид
Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт