Дар Душанбе Фестивал-намоиши либосҳои миллӣ доир мегардад

Август 28, 2024 15:56

ДУШАНБЕ, 28.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 29 август, соати 19:00 дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ганҷинаи мерос» Фестивал-намоиши либосҳои миллӣ баргузор мегардад, иттилоъ доданд ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги мамлакат.

Дар фестивал тарроҳи машҳури тоҷик Хуршед Сатторов ва ҳафт тарроҳи дигар либосҳои омоданамударо пешниҳод менамоянд.

Тавре коргардони фестивал Хуршед Мустафозода иброз намуд, бори аввал аст, ки чунин фестивал дар пойтахти мамлакат- шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Дар оғоз тарроҳон либосҳои қадимии миллиро пешниҳод менамоянд. Сипас колексияи тарроҳон иборат аз либосҳои миллии ҷашнию рӯзмарра намоиш дода мешавад.

Ҳадафи ин намоиш тарғиби либосҳои миллӣ мебошад. Либоси миллӣ ҷузъи муҳими фарҳанг буда, сатҳи маданияту маърифати миллат дар он таҷассум мегардад. Аз ин рӯ, занону духтарони тоҷикро мебояд, ки ба анъанаҳои миллии либоспӯшӣ арҷ гузошта, аз тақлид ба фарҳанги бегона даст кашанд.

Хуршед Мустафозода иброз намуд, ки мо нақша дорем чунин фестивалро бо ҷалби дигар тарроҳон дар тамоми минтақаҳои мамлакат доир намоем.

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 28, 2024 15:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад