Дар Душанбе оид ба лоиҳакашии бунёди роҳи оҳани «Ҷалолиддини Балхӣ – Панҷи Поён» протокол ба имзо расид

Август 1, 2024 10:56

ДУШАНБЕ, 01.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. 31 июл дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими баимзорасонии  Протоколи музокирот байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (КОICА) дар бораи  таҳияи Асосноккунии техникиву иқтисодии (АТИ) лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани «Ҷалолиддини Балхӣ – Панҷи Поён» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ иттилоъ доданд.

Арзиши умумии Асосноккунии техникиву иқтисодии лоиҳа 4 миллион  доллари амрикоӣ буда, хати роҳи оҳани бунёдшаванда то сарҳади Афғонистон 51 километр, пулҳои гуногунандоза 28 адад ва қубурҳои обгузар 160 ададро ташкил медиҳанд.

Вазири нақлиёт Азим Иброҳим иброз намуд, ки  ҳадафи асосии лоиҳа баромадан ба бозори давлатҳои  Осиёи Ҷанубӣ (Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон) буда, он ба таъмини рушди тиҷорати минтақавӣ, дар ҳолати хуб нигоҳ доштани роҳҳои автомобилгарди бунёдгардида, паст намудани сарборӣ ва шиддатнокии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳҳои автомобилгард мусоидат менамояд.

«Дар  сурати муваффақона татбиқ намудани лоиҳа Тоҷикистон ба  давлати  транзитии роҳи оҳан табдил ёфта, ҳамлу нақли молу маҳсулот бо мамлакатҳои ҳамсоя меафзояд, ки ин ҳам барои Тоҷикистон ва ҳам барои давлатҳои дигари минтақа бисёр муфид хоҳад буд», — гуфт вазир.

Иҷрокунандаи вазифаи Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ким Ҷун Сик изҳор намуд, ки ин лоиҳа қадами дигар ба ояндаи пешрафтаи Тоҷикистон аст ва бо Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 комилан мувофиқат мекунад. Он имкон медиҳад, ки Тоҷикистон ба баҳр барояд ва ба ҳалқаи калидии ҳамлу нақли байналмилалӣ табдил ёбад. Ба гуфтаи ӯ, лоиҳа ба Ҳадафҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид низ созгор аст.

«Лоиҳа нахустин лоиҳаи Кореяи Ҷанубӣ оид ба бунёди роҳи оҳан дар Осиёи Марказӣ мебошад», —  гуфт сафир ва изҳори умедворӣ кард, ки он дар муддати се сол пурра татбиқ гардида, дар таҳкими робитаҳои дӯстона байни Ҷумҳурии Корея ва Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши муҳим мебозад.

Протоколи ин музокирот дар натиҷаи гузаронидани якчанд даври гуфтушунидҳо байни ҷонибҳо  тартиб дода шуд ва он тамоми ҷанбаҳои ташкилию ҳуқуқии раванди таҳияи Асосноккунии техникию иқтисодии лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани «Ҷалолиддини Балхӣ – Панҷи Поён»-ро  ба танзим медарорад.

АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 1, 2024 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон беш аз 29 ҳазор тонна равғани растанӣ истеҳсол шудааст
Вазири саноат ва технологияҳои нав бо муовини Сарвазир – Вазири зеҳни сунъӣ ва рушди рақамии Қазоқистон вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон ҳамкориро бо Италия барои воридоти технологияҳои истеҳсолӣ тақвият медиҳад
Байни Хадамоти гумрук ва ширкати ҷопонии «Yachiyo Engineering Co., LTD» оид ба хизматрасонии машваратӣ шартнома ба имзо расид
Тоҷикистон ҳамкориро бо «Google DeepMind» дар соҳаи рушди зеҳни сунъӣ густариш медиҳад
Бо мақсади иҷрои «Барномаи давлатии таъмини оби нӯшокӣ ва рафъи обҳои партов барои солҳои 2025-2029» ҳамоиш доир шуд
Дар Саммити байналмилалии «AI Impact Summit» татбиқи зеҳни сунъӣ дар идоракунии давлатии Тоҷикистон муаррифӣ шуд
Роҳбарияти Корпоратсияи «Microsoft» барои густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ изҳори омодагӣ намуд
Бо мақсади рушди устувори соҳаи захираҳои об Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Масоили маблағгузории идомаи сохтмони НБО –и «Роғун» баррасӣ гардид
Блогерони тоҷик ба маблағи беш аз 5 миллион сомонӣ андоз супориданд
Зимни баргузории амалиёти назоратӣ дар Рашт 60 кабк ва як яроқи шикорӣ мусодира карда шуд