Дар Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бахшида ба иди касбии табибон ҳамоиш доир шуд

Август 16, 2024 14:29

ДУШАНБЕ, 16.08.2024 /АМИТ «Ховар»/.  Имрӯз дар Хадамоти  назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бахшида ба иди касбии табибон — Рӯзи кормандони тандурустии Тоҷикистон (18 август) ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар ин хадамот иттилоъ доданд, дар ҷаласа сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Султон  Бекмуродзода иброз намуд, ки «соҳаи тандурустӣ яке аз самтҳои муҳими иҷтимоӣ ба шумор рафта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он диққати махсус зоҳир менамояд. Маҳз бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  соҳаи тандурустӣ дар мамлакат сол то сол рушд меёбад».

Сардори Хадамот аз дастовардҳо ёдовар гардида, таъкид намуд, ки дар  самти назорати фаъолияти тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ҳамасола натиҷаҳои беҳтар ба даст оварда мешаванд. Ин омил ба сифати хизматрасонии тиббӣ, рушди сабку усулҳои табобат ва ворид намудани таҷҳизоти муосир ба муассисаҳои тандурустии мамлакат мусоидат менамояд.

Назорати фаъолияти фармасевтӣ натиҷаҳои хуб ба бор меоварад. Он шуруъ аз воридоти маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ то ба бозору муассисаҳои табобатӣ ворид гардидани онҳоро пайваста мавриди назорат қарор медиҳад. Ин фаъолият сабаби пешгирии ҳолатҳои ба мамлакат ворид гардидани маводи дорувории пастсифат, ба талабот ҷавобгӯ набуда ва тараққӣ ёфтани истеҳсолоти ватанӣ мегардад.

Имрӯз тамоми кормандони соҳаи тандурустӣ ба халқ хизмат расонида, вазифаашонро бо масъулияти баланд иҷро мекунанд ва шарафи касби пурифтихори хеш, яъне шифобахши дарди мардум буданро баланд мебардоранд. Дар ин раванд кормандони Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ ба хотири рушди соҳаи тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ҳимояи сиҳатии сокинони мамлакат хизмат доранд.

Дар ҷаласа ба кормандони Хадамот Ифтихорнома ва нишонҳои «Аълочии тандурустии Тоҷикистон» супорида шуданд.

АКС: Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Август 16, 2024 14:29

Хабарҳои дигари ин бахш

«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд