Дар Хатлон соли равон 12 иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
ДУШАНБЕ, 18.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. 16 август дар Театри мусиқӣ-мазҳакавии шаҳри Бохтар ба номи Ато Муҳаммадҷонов бахшида ба Рӯзи кормандони тандурустии Тоҷикистон ҳамоиши идона доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.
Қабл аз оғози ҳамоиш меҳмонон намоиши омоданамудаи кормандони соҳаи тандурустии вилоят, гӯшаи гиёҳҳои шифобахши ватанӣ ва маводи дорувории табиӣ, намунаи технологияҳои муосир барои табобат ва барномаҳои рушди соҳаи тандурустиро тамошо намуданд.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки Истиқлоли давлатӣ ба рушд ва пешрафти соҳаи тиб дар мамлакат асос гузошт. Дар ин давра барои ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва тадриҷан баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ дар доираи барномаву стратегияҳои милливу соҳавӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки дар соҳаи тандурустӣ дар 6 моҳи соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 12 иншооти соҳаи тандурустӣ сохта, ба истифода дода шуда, дар 57 иншоот корҳои сохтмонӣ идома доранд. Ҳамзамон дар ин давра дар муассисаҳои тандурустии вилоят 178 нафар табибон ба кор қабул гардида, масъалаи эҳтиёҷоти муассисаҳои тандурустии вилоят ба мутахассисони соҳа ҳал мешавад.
Зимни ҳамоиш иттилоъ дода шуд, ки хушбахтона, дар асоси дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Барномаи давлатии рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии вилояти Хатлон барои соҳои 2021–2025» бо маблағи 1 миллиарду 315 миллион сомонӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ қабул гардид.
Дар идомаи ҳамоиш як зумра табибони вилоят ба хотири саҳм гузоштан дар солимии ҷомеа бо туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ гардиданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд






