Дар Ҳисор Фестивал-намоиши байналмилалии гӯсфанди зоти ҳисорӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 19.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Фестивал-намоиши сеюми байналмилалии илмию амалӣ дар мавзуи «Масъалаҳои ҳалталаби рушди гӯсфанди зоти ҳисорӣ», ки 17 август дар шаҳри Ҳисор баргузор гардид, калонтарин гӯсфанди зоти ҳисорӣ дар вазни 192 кило аз хоҷагии «Сим-Сим»-и ноҳияи Рӯдакӣ соҳиби «Шоҳҷоиза» гардида, бо нархи 40 ҳазор сомонӣ харидор пайдо намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.
Зимни Фестивал-намоиши сеюми байналмилалии илмию амалӣ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, Вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбон Ҳакимзода, иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода, олимону мутахассисони соҳаи чорводорӣ аз Русия, Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Беларус ва дигар давлатҳои хориҷӣ оид ба дастовардҳои соҳаи гӯсфандпарварӣ сухан намуданд.
Таъкид шуд, ки Фестивал-намоиши «Гӯсфанди зоти ҳисорӣ» дар сатҳи байналмилалӣ дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе ва дар мулки зархезу дорои таърихи беш аз 3000-сола Ҳисори Шодмон дар партави дастуру супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор баргузор гардид.
Дар фестивал –намоиш чорводорон аз шаҳру ноҳияҳои вилоятҳои Суғду Хатлон, минтақаи Рашт ва шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ гӯсфанди зоти ҳисориро ба намоиш гузоштанд. Ҳадафи баргузории Фестивал-намоиш рушди минбаъдаи соҳа ва тақвияти фаъолият дар парвариш ва селексияи зоти гӯсфанди ҳисорӣ, таҳлил ва инъикоси мавод оид ба ҳолати имрӯзаи зоти гӯсфандони ҳисорӣ дар Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷи дуру наздик, дастоварду натиҷаҳои илмию амалӣ ва таҷрибаҳои пешқадам дар самти беҳтар намудани минтақаи парвариши ин зоти гӯсфанд ва рушди устувори соҳа мебошад.
Таъкид гардид, ки гӯсфанди ҳисорӣ калонтарин зот дар ҷаҳон буда, барои гӯшту равған парвариш карда мешавад. Ба ақидаи олимон, гӯсфандони зоти ҳисорӣ таърихи пайдоиши қадимӣ дошта, ҳанӯз дар асрҳои 5-6 бо усули селексияи анъанавии халқӣ ба вуҷуд оварда шудаанд. Ин зот аз рӯи маҳсулнокӣ дорои нишондиҳандаҳои баланди вазни зинда ва гӯшту равған мебошад.
Дар натиҷаи ба пояи илмӣ гузошта шудани корҳои селексионӣ дар мамлакат дастовардҳо дар соҳа дучанд шуда, саҳми олимону селексионерони тоҷик низ дар такмили ин зот калон аст. Имрӯз маъруфият пайдо кардани зотҳои фархориву шаҳринавӣ, гӯсфанди маҳинпашми дарвозӣ ва дигар зотҳои гӯсфанди серравғану серпашм натиҷаи заҳмати сермаҳсули олимони соҳа мебошад.
Ҳоло дар Тоҷикистон беш аз 3 миллион сар ва дар шаҳри Ҳисор зиёда аз 144 ҳазор сар зоти гӯсфанди ҳисорӣ парвариш карда мешавад. Дар солҳои гуногун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯсфандони зоти ҳисорӣ ба ҷумҳуриҳои Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, инчунин ба Федератсияи Русия ва Беларус интиқол дода шуда, дар ин кишварҳо ба таври густурда парвариш меёбанд.
Дар фестивал-намоишгоҳ ҳамзамон олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон намунаи корҳои илмӣ, техникаю таҷҳизот ва доруворию вояҳоро бар зидди бемориҳои ҳайвонот ба намоиш гузоштанд.
Дар анҷоми фестивал ба иштирокдорони фаъол-ғолибони фестивал-намоиш «Сипоснома», маблағҳои пулӣ, ҳамзамон ҳамчун рамзи эҳтиром ба меҳмонон- намояндагони чорводорон аз Русия, Қазоқистон, Туркманистон ва Узбекистон «Сипоснома» супорида шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор











Комиссияи Аврупо талаботро барои интиқолдиҳандагони хориҷӣ сахттар намуд
Соли 2025 дар Тоҷикистон ба ҳар гектар замин 7,3 ҳазор метри мукааб об расонида шуд
Соли 2025 аз Тоҷикистон беш аз 30 ҳазор тонна зардолуи хушк содирот карда шуд
Хадамоти алоқа: Соли 2025 ҳаҷми хизматрасонии почта дар Тоҷикистон беш аз 18 миллион сомониро ташкил дод
Соли 2025 ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо ба таври густурда муаррифӣ шуданд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Шурои диссертатсионии нав таъсис ёфт
САДА — ҶАШНЕ ТАВЪАМ БО КАЙҲОНУ СОЛШУМОРӢ ВА КИШТУ КИШОВАРЗӢ. Дар Душанбе онро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон: «Истихроҷи нафт дар мамлакат афзоиш ёфтааст»
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии содирот» таҳия карда шуд
Аз Тоҷикистон беш аз 190 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ содирот гардид






