СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар Истаравшан корхонаи истеҳсоли сӯзандору ва системаи қатравии яккарата бунёд мешавад
ДУШАНБЕ, 29.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Солҳои рушди саноат (2022-2026) дар шаҳри Истаравшан корхонаи нави саноатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сино медикал» бунёд мегардад, ки дар он сӯзандору ва системаи қатравии яккарата истеҳсол мешавад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан хабар медиҳад.
Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Сино медикал» дар вилояти Суғд нахустин корхонае аст, ки сӯзандору ва системаи қатравӣ- маҳсулоти воридотивазкунанда истеҳсол менамояд.
Барои бунёди ин корхона беш аз 10 миллион сомонӣ сармоягузорӣ гардида, дастгоҳу таҷҳизот аз давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон ворид шудаанд.
Дар корхона дар як сол то 60 миллион дона сӯзандоруи яккарата ва 5 миллион дона системаи қатравӣ истеҳсол карда мешавад. Бо фаъол гардидани ин корхона воридоти ин навъи маҳсулот кам шуда, дар корхона дар се баст беш аз 120 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мегарданд.
Ҳамчунин бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти Зарҳалоли шаҳри Истаравшан корхонаи нави саноатӣ барои истеҳсоли моеъи зидди ях (антифриз) бунёд мешавад.
АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан








Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид






