Дар қитъаҳои осебпазири роҳҳои мошингарди Тоҷикистон 51 долони зиддитармавӣ сохта мешавад
ДУШАНБЕ, 22.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои марбут ба сохтмони 51 долони зиддитармавӣ бо дарозии 5,2 километр дар қитъаҳои осебпазири роҳҳои мошингарди Тоҷикистон дар мулоқоти Вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим бо роҳбари аршади бахши нақлиётии Фонди авруосиёии муътадилсозӣ ва рушд (ФАМР) Александр Рашиков дар Душанбе баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Фонди авруосиёии муътадилсозӣ ва рушд (ФАМР) дорои механизми молиявии минтақавӣ бо ҳаҷми беш аз 9 миллиард доллари амрикоӣ мебошад.
Он соли 2009 аз ҷониби Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия ва Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Ҳадафи фонд мусоидат ба суботи иқтисодию молиявӣ дар давлатҳои иштирокчӣ, инчунин дастгирии рушди устувори онҳо мебошад.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид






