Дар назди Институти зоология ва паразитология озмоишгоҳи паразитологӣ таъсис дода шуд
ДУШАНБЕ, 01.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар назди Институти зоология ва паразитологияи ба номи Е.Н. Павловскийи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон озмоишгоҳи паразитологӣ таъсис дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Академияи миллии илмҳо хабар доданд, озмоишгоҳ бо асбобу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шуда, яке аз таҷҳизоти замонавии он таҷҳизоти таҳлили иммуноферментӣ (ЭЛАЙЗА) ба шумор меравад. Он барои муайян намудани якчанд бемориҳои хавфноки зоопаразитӣ, аз қабили трихинеллёз, эхинококкоз, трипоносомоз, токсокароз ва описторохоз истифода бурда мешавад. Ҳамзамон беш аз 30 номгӯй лавозимоти лабораторӣ, таҷҳизоти гуногуни замонавӣ барои таҳқиқоти биологӣ ва паразитологӣ насб карда шудаанд.
Таъсиси озмоишгоҳи нав имконият медиҳад, ки институт бо якчанд муассисаҳои давлатӣ, байналмиллалӣ ва ташкилоту корхонаҳои хусусӣ ҳамкорӣ намуда, фаъолияташро барои рушди илм ва таъмини бехатарии биологӣ ва амнияти озуқаворӣ бо дигар муассисаҳо дар ҳамоҳангӣ вусъат бахшад.


Бояд гуфт, ки таъмини бехатарии биологӣ ва амнияти озуқавории мамлакат аз муҳимтарин ҳадафҳои стратегии ҷумҳурӣ ба шумор рафта, махсусан масъалаи ташхис ва сари вақт ошкор намудани бемориҳои хавфноки зоонозӣ, ки манбаи табиии нигоҳдоранда ва паҳнкунандаи онҳо ҳайвонот ба шумор рафта, боиси сироят ёфтани одамон мешаванд, аз муҳимтарин масъалаҳои илми паразитология ба ҳисоб меравад.
Ёдовар мешавем, ки бо назардошти зарурати рушди илмҳои табиӣ ва риёзӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2020-2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардид, ки ин нишони таваҷҷуҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат ба таъмини рушд ва инкишофи устувори ҷумҳурӣ мебошад.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Президенти Тоҷикистон: «Ватани азизи худро сидқан дӯст дорем, ба таърих, забон, фарҳанг ва дигар арзишҳои миллӣ арҷ гузорем»
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ НАЗМ. Дар Тоҷикистон дар ин рӯз базмҳои наврӯзии шеъру суруд баргузор мешаванд
Сарвари давлат: «Ҷанбаи умдаи ҷашни Наврӯз дасти кумак дароз кардан ба ниёзмандон ва хурсанд кардани дили ятимон аст»
РӮЗИ ФАРҲАНГ ДАР ТОҶИКИСТОН. Фарҳанг оинаи гузашта ва роҳнамои фардои миллат аст
Китоби нави академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Дар Душанбе маҳфили фарҳангии «Дидор» баргузор шуд
«TOJIKFILM.TV». Платформаи миллии синамоӣ ба фаъолият оғоз намуд
Дар Намоишгоҳи байналмилалии «Китоби Минск» гӯшаи Тоҷикистон ташкил гардид






