Дар Панҷакент Рӯзи кормандони соҳаи тиб таҷлил карда шуд
ДУШАНБЕ, 16.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 15 август дар шаҳри Панҷакент бо иштироки собиқадорон ва кормандони соҳаи тандурустӣ Рӯзи кормандони соҳаи тиб гузаронида шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент хабар медиҳад.
Дар ҳамоиш таъкид шуд, ки маҳз бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола 18 август иди касбии кормандони тиб ҷашн гирифта мешавад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самти афзалиётноки сиёсати давлати Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ соҳаи тандурустӣ дар мамлакат, аз ҷумла дар шаҳри Панҷакент рушд ёфт, сатҳи хизматрасонии тиббӣ боло рафта, таъминоти муассисаҳои тандурустӣ бо таҷҳизоти тиббӣ беҳтар гардид.
Маблағгузории соҳа дар чор соли охир 49,7 фоиз афзуда, ҳоло 165 муассисаи тиббӣ, аз ҷумла 25 муассисаи госпиталӣ бо 3100 нафар духтурон ва кормандони миёнаи тиб ҳифзи саломатии аҳолиро ба уҳда доранд.
Ҳамасола бо истифода аз сарчашмаҳои гуногуни маблағгузорӣ дар шаҳр муассисаҳои нави тиббӣ бунёд карда мешаванд.
Дар ҳамоиш ба як зумра кормандони тиб нишони «Аълочии тандурустии Тоҷикистон», «Ифтихорнома» ва «Сипоснома»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, Раёсати тандурустии вилояти Суғд ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд






