Дар шаҳри Душанбе нимпайкараи шоири қазоқ Абай Кунанбоев гузошта мешавад

Август 19, 2024 18:30

ДУШАНБЕ, 19.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар Тоҷикистон Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон баргузор мегарданд, ки дар доираи он 21 август дар Боғи фарҳангу фароғатии Абулқосим Фирдавсии пойтахт нимпайкараи шоир ва мутафаккири қазоқ Абай Кунанбоев гузошта мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон 7 январи соли 1993 барқарор шуданд. Ду давлат ба густариши муносибатҳои фарҳангию гуманитарӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир менамоянд. Баргузории ҳамоишҳои фарҳангии муштарак бо иштироки ходимони фарҳанг ва ҳунари ду давлат ба анъанаи нек табдил ёфтааст. Дар ин робита мунтазам баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон муҳим арзёбӣ мешавад.

Шоир, бастакор, маорифпарвар ва фаъоли ҷамъиятии қазоқ Абай Кунанбоев  соли 1845   ба дунё омадааст. Номи аслии Кунанбоев  Иброҳим буда, тахаллусаш Абай аст.  Ин тахаллус қазоқӣ буда,  маънои «ботаваҷҷуҳ»-ро дорад. Абай 6 июли соли 1904 дар 59-солагӣ аз олам гузаштааст.

Эҷодиёти Абай Кунанбоев  чун шоир ва нависанда аз се сарчашма – эҷодиёти даҳанакии халқ, назми оламгири Шарқ ва адабиёти русу аврупоӣ маншаъ гирифтааст. Абай дар назми қазоқ 17 шакли нави шеърро ихтироъ намуд. Достонҳои Абай – «Масъуд», «Гуфтор дар бораи Азим» ва «Искандар» дар заминаи сужетҳои адабиёти классикии Шарқ офарида шуда, дар онҳо хираду дониш ва фазилатҳои инсон тараннум шудаанд.

Ба қалами Абай асари мансуре тааллуқ дорад, ки он дар қазоқӣ «Қара сӯз» («Каломи сиёҳ») ном гирифтааст. Ба забони тоҷикӣ ин асар бо номҳои  «Ақлия», «Пандҳо», «Панднома», «Андешаҳо» тарҷума ва муаррифӣ гардидааст. Дар «Панднома»-и Абай таъсири «Қобуснома»-и Унсурулмаолии Кайковус ва «Гулистон»-и Саъдӣ маълум аст.

Ҳамчунин дар маҷмуае бо номи «Нигоҳе ба зиндагӣ ва осори Абай – бунёдгузори адабиёти навини қазоқ» зиёда аз 100 шеъри Абай дар баргардони Шоири халқии Тоҷикистон Фарзонаи Хуҷандӣ ва «Андешаҳо» (45 гуфтор) дар тарҷумаи Сафар Абдулло ба хати форсӣ ҷой дода шудаанд.

АКС аз манбаъҳои боз

Август 19, 2024 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад