Дар шаҳри Ҳисор бахшида ба Рӯзи табибон ҳамоиш доир гардид

Август 16, 2024 15:55

ДУШАНБЕ, 16.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор дар 8 гектар сохтмони бинои нави беморхонаи марказӣ барои 205 кат дар чор қабат ба маблағи 68 миллион сомонӣ ва дар ҳудуди беморхонаи касалиҳои сироятӣ сохтмони беморхонаи касалиҳои пӯст бо маблағи 3,8 миллион сомонӣ идома дорад, ки дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мавриди истифода қарор мегиранд. Ин матлабро иҷрокунандаи Раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода дар ҷамъомади пуршукуҳи тантанавӣ бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи тиб баён дошт.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад, ки роҳбарияти шаҳри Ҳисор собиқадорону кормандони соҳаи тандурустии шаҳрро ба муносибати иди касбӣ, ки ба зодрӯзи Абӯалӣ ибни Сино- 18 август рост меояд, табрик намуданд.

Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҳсуб шуда, соҳаи тандурустии шаҳр давоми солҳои соҳибистиқлолӣ рушд намуд. Кормандони соҳаи тандурустӣ дар ин давра ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, барои пешбурди соҳа ва беҳдошти сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ, дар амал татбиқ кардани стратегияву барномаҳои миллии давлатӣ дар самти тандурустӣ ва солимии аҳолӣ усулҳои наву муосири муоинаву муолиҷаро ҷорӣ намуданд. Ин аст, ки беморхонаҳои госпиталии шаҳр дар умум бо 608 кат фаъолият доранд.


Имрӯз бештари кормандони соҳаи тандурустиро дар шаҳр занону духтарон ташкил медиҳанд ва беҳтарин табибони зан бо унвонҳои баланди илмӣ ва дараҷаҳои олии тахассусӣ имрӯз ба аҳолии шаҳри Ҳисор содиқона хизмат мекунанд.

Ҳамзамон аз саҳми сардухтурони Беморхонаи марказии шаҳр дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ҳифзи сиҳатии мардум ёдоварӣ гардид.

Дар ҷамъомади идона ба чор табиб нишони фахрии «Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ба як зумра кормандони соҳа «Сипоснома» ва туҳфаҳо тақдим шуданд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Август 16, 2024 15:55

Хабарҳои дигари ин бахш

«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд