Дар Тоҷикистон барои ташхису табобати бемориҳои эндокринологӣ 6 муассисаи тиббӣ фаъолият мекунад

Август 27, 2024 13:19

 ДУШАНБЕ, 27.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон барои ташхису табобати бемориҳои эндокринологӣ 6 муассиса, 14 шуъба ва 92 ҳуҷраи эндокринологӣ дар назди марказҳои саломатии шаҳрию ноҳиявӣ фаъолият менамоянд. Дар ин хусус 26 август зимни баргузории ҷаласа дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, дар ҷаласа доир ба масъалаи хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандон, тартиби гузаронидани муоинаҳои тиббии ҳатмӣ дар муассисаҳои тандурустии ҷумҳурӣ, фаъолияти муассисаҳои кумаки аввалини тиббию санитарӣ ва вазъи кумак ва хизматрасонии тиббӣ ба бемориҳои эндокринологӣ (аз ҷумла, диабети қанд, ҷоғар ва ғайра) мавриди муҳокима қарор дода шуд.

Кумаки аввалини тиббию санитарӣ яке аз самтҳои афзалиятноки хизматрасонии соҳаи тандурустӣ ба шумор рафта, ба он пайваста аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд таваҷҷуҳи хосса зоҳир мешавад. Дар ҳамин давраи соли 2024 дар маҷмуъ 29 муассиса сохта шуда, дар 60 муассисаи дигар сохтмон идома дорад. Инчунин 82 муассисаи кумаки аввалини тиббию санитарӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, дар 78 муассиса таъмир идома дорад.

Дар баробари муассисаҳои шабакаи кумаки аввалини тиббию санитарӣ, ки ба ташхису табобати бемориҳои эндокринологӣ машғул мебошанд, ҳоло дар ҷумҳурӣ 460 кати эндокринологӣ фаъолият менамояд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 27, 2024 13:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд