Дар Тоҷикистон доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд
ДУШАНБЕ, 30.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Аз 1 то 30 август аз ҷониби мутахассисони Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим»-и Вазорати тандурустии мамлакат дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ доир ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятии аз ҳайвон ба инсон гузаранда, хусусан бемории сӯхтанӣ, ҳорӣ ва брутселлез корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» мудири шуъбаи коммуникатсия ва робита бо ҷомеаи ин марказ Сафаралӣ Урунбоев иттилоъ дод, бемориҳои сироятӣ аз одам ва ҳайвоноти сироятёфта ба дигарон мегузаранд. Омилҳои гирифторӣ ба ин бемориҳо ғизои номунтазаму якхела, камвитаминӣ, хастагӣ, гармии аз ҳад зиёд, таъсири сармо, риоя накардани гигиенаи шахсӣ ва дур шудан аз тарзи ҳаёти солим мебошанд.
Дар байни аҳолӣ гирифторӣ ба бемориҳои ғайрисироятӣ низ бештар гардидааст. Яке аз онҳо ин бемории фарбеҳӣ мебошад. Фарбеҳӣ дар инсон боиси пайдошавии диабети қанд, фишорбаландӣ, сактаи дил, сактаи майнаи сар, васеъшавии рагҳои хунгард ва бисёр бемориҳои дигар мегардад.
Фарбеҳӣ инчунин ба фаъолияти кории инсон таъсири манфӣ расонида, ба асабонишавӣ ва фаромӯшхотирӣ оварда мерасонад. Фарбеҳӣ, пеш аз ҳама, ба истеъмоли аз меъёр зиёди маводи ғизоӣ ва риоя накардани тарзи ҳаёти солим вобастагӣ дорад.
Иттилоъ дода шуд, ки тибқи нишондиҳандаҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, солимии ҷомеа асосан, яъне 55 фоиз аз худи аҳолӣ, 18 фоиз аз муҳити зист, 17 фоиз аз ирсият ва 10 фоиз аз сохторҳои тандурустӣ вобаста мебошад.
Аз ҷониби кормандони Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим оид ба пешгирии бемории сӯхтанӣ, тарзи дуруст истифода бурдани маҳсулоти гӯштӣ, дуруст парвариш кардани ҳайвонҳои хонагӣ ва гузаронидани иммунизатсияи ҳайвонҳои шохдор ба шаҳрвандон маълумот пешниҳод гардид.
АКС: Маркази ҷумҳуриявии ташаккули тарзи ҳаёти солим








Тоҷикистону Чин ҳамкориро дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва гуманитарӣ тақвият медиҳанд
Дар шаҳри Ваҳдат бо мақсади баланд бардоштани ҳувияти миллии ҷавонон ҳамоиш доир шуд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд






