Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо 12 муассисаи таълимии хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид

Август 2, 2024 11:25

ДУШАНБЕ, 02.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имсол Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо 12 муассисаи таълимӣ ва марказҳои таълимиву илмӣ-таҳқиқотии хориҷи мамлакат шартномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонид, ки ба татбиқи барномаҳои таҳсилоти муштарак, ҷорисозии таҳсилоти дуалӣ ва дудиплома, табодули академии донишҷӯён, такмили ихтисоси омӯзгорон, таҳияи лоиҳаҳои сармоягузории муштарак, амалисозии чорабиниҳои илмӣ ва таҳқиқоти муштараки илмӣ равона гардидаанд. Дар ин хусус имрӯз ба доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори оммаи мамлакат ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода иттилоъ дод.

Дар ин давра ташрифи шарикони хориҷӣ ба донишгоҳ бамаротиб афзуда, роҳбарият ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Корея, Британияи Кабир, Олмон, Чин, Арабистони Саудӣ ва Узбекистон ба донишгоҳ омаданд. Инчунин имсол барои тақвияти ҳамкорӣ бо намояндагони муассисаҳои Чин, Испания, Швейтсария, Малайзия, Эстония, Ҳиндустон, Қатар, Русия, Эрон, Қазоқистон ва Узбекистон 14 мулоқоти маҷозӣ анҷом дода шуд.

Моҳи марти имсол роҳбари минтақаи Аврупои шарқӣ ва Осиёи марказии дафтари Институти Гёте (Goethe-Institut) доктор Ҳайке ба ин донишгоҳ омад, ки зимни мулоқот масъалаи густариши ҳамкорӣ баррасӣ гардид.

«Яке аз рӯйдодҳои муҳим дар ин давра ташрифи Президенти Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер ба донишгоҳ ва бо унвони ифтихории «Профессори фахрӣ» сарфароз гардонидани ӯ мебошад»,- афзуд Убайдулло Асрорзода.

Ҳамзамон сафари кории намояндагони раёсат ва омӯзгорону кормандони донишгоҳ баҳри бастани созишномаҳои ҳамкорӣ, гузаштан аз даврҳои такмили ихтисос ва иштирок дар чорабиниҳои илмӣ ба Давлати Қатар, Олмон, Чин, Эрон, Ҳиндустон, Туркия, Русия ва Узбекистон доир шуд. Ҳамзамон роҳбарияти донишгоҳ дар Форуми байналмилалии сайёҳии ITB Berlin-2024, Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Қатар, Форуми иқтисодии ҷавонони Авруосиё, Форуми иқтисодии байналмилалии Қазон ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Теҳрон ва саноати марбут ба он иштирок намуданд.

Таъкид гардид, ки дар шароити воридшавӣ ба фазои ҷаҳонии таҳсил ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарини муассисаҳои таълимӣ маҳсуб мешавад. Ин масъала барои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамчун муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ хеле муҳим мебошад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 2, 2024 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид