Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо 12 муассисаи таълимии хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид

Август 2, 2024 11:25

ДУШАНБЕ, 02.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имсол Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо 12 муассисаи таълимӣ ва марказҳои таълимиву илмӣ-таҳқиқотии хориҷи мамлакат шартномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонид, ки ба татбиқи барномаҳои таҳсилоти муштарак, ҷорисозии таҳсилоти дуалӣ ва дудиплома, табодули академии донишҷӯён, такмили ихтисоси омӯзгорон, таҳияи лоиҳаҳои сармоягузории муштарак, амалисозии чорабиниҳои илмӣ ва таҳқиқоти муштараки илмӣ равона гардидаанд. Дар ин хусус имрӯз ба доираи васеи намояндагони воситаҳои ахбори оммаи мамлакат ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Убайдулло Асрорзода иттилоъ дод.

Дар ин давра ташрифи шарикони хориҷӣ ба донишгоҳ бамаротиб афзуда, роҳбарият ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Корея, Британияи Кабир, Олмон, Чин, Арабистони Саудӣ ва Узбекистон ба донишгоҳ омаданд. Инчунин имсол барои тақвияти ҳамкорӣ бо намояндагони муассисаҳои Чин, Испания, Швейтсария, Малайзия, Эстония, Ҳиндустон, Қатар, Русия, Эрон, Қазоқистон ва Узбекистон 14 мулоқоти маҷозӣ анҷом дода шуд.

Моҳи марти имсол роҳбари минтақаи Аврупои шарқӣ ва Осиёи марказии дафтари Институти Гёте (Goethe-Institut) доктор Ҳайке ба ин донишгоҳ омад, ки зимни мулоқот масъалаи густариши ҳамкорӣ баррасӣ гардид.

«Яке аз рӯйдодҳои муҳим дар ин давра ташрифи Президенти Бонки Исломии Рушд доктор Муҳаммад Сулаймон Ал-Ҷассер ба донишгоҳ ва бо унвони ифтихории «Профессори фахрӣ» сарфароз гардонидани ӯ мебошад»,- афзуд Убайдулло Асрорзода.

Ҳамзамон сафари кории намояндагони раёсат ва омӯзгорону кормандони донишгоҳ баҳри бастани созишномаҳои ҳамкорӣ, гузаштан аз даврҳои такмили ихтисос ва иштирок дар чорабиниҳои илмӣ ба Давлати Қатар, Олмон, Чин, Эрон, Ҳиндустон, Туркия, Русия ва Узбекистон доир шуд. Ҳамзамон роҳбарияти донишгоҳ дар Форуми байналмилалии сайёҳии ITB Berlin-2024, Форуми сармоягузории Тоҷикистон ва Қатар, Форуми иқтисодии ҷавонони Авруосиё, Форуми иқтисодии байналмилалии Қазон ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Теҳрон ва саноати марбут ба он иштирок намуданд.

Таъкид гардид, ки дар шароити воридшавӣ ба фазои ҷаҳонии таҳсил ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ яке аз масъалаҳои муҳимтарини муассисаҳои таълимӣ маҳсуб мешавад. Ин масъала барои Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ҳамчун муассисаи таҳсилоти олии касбии дорои мақоми байналмилалӣ хеле муҳим мебошад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 2, 2024 11:25

Хабарҳои дигари ин бахш

ИҚДОМИ ТАЪРИХИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Он насли наврасро водор месозад, ки аз қаҳрамонии гузаштагон сабақи зиндагӣ гиранд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамкориро бо JICA дар соҳаи зехни сунъӣ ва инноватсия таҳким мебахшад
«OIBO-2026». Хонандагони тоҷик дар Олимпиадаи байналмилалӣ сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шуданд
Олимпиада барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» оғоз гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 10-уми роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои СҲШ дар соҳаи маориф ва илм иштирок намуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми ҷаҳонии маориф – 2026 (Education World Forum — 2026) иштирок намуд
Сафари Пешвои миллат марҳалаи нави шарикии стратегии Тоҷикистону Чинро оғоз бахшид
Дар Душанбе Форуми наврасони асри технология идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба хотири ба Ватан баргардонидани қисмате аз хоки оромгоҳи қаҳрамонон ҳамоиш доир шуд
Дар Донишгоҳи байналмилали сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон коргоҳи коромӯзӣ барои устодон ва донишҷӯён ифтитоҳ ёфт
КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТӢ БАРОИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2026-2027. Зиёда аз 6 ҳазор довталаб барои дарёфти он дар даври сеюми озмун иштирок мекунанд