Фестивали ХIII байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» оғоз ёфт

Август 27, 2024 14:55

ДУШАНБЕ, 27.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 26 август дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Узбекистон Фестивали XIII байналмилалии мусиқии «Таронаҳои Шарқ» ифтитоҳ ёфт, ки  дар он  беш аз 300 намоянда аз 70 давлати ҷаҳон иштирок менамоянд. 

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати фарҳанги мамлакат иттилоъ доданд, дар фестивал аз Тоҷикистон Вазири фарҳанги мамлакат Матлубахон Сатториён ва бори аввал дар қатори аъзои ҳакамон аз 10 давлати дунё мусиқишинос, доктори илми санъатшиносӣ ва узви Иттифоқи оҳангсозони тоҷик Аслиддин Низомов иштирок намуданд.

Ҳамчунин мусиқии суннатии тоҷикро дар ин фестивал ҳунармандони Ансамбли давлатии «Фалак»-и назди Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фотима Машрабова, Шоҳин Абдуллоев ва чор мутриб манзури иштирокчиён мегардонанд.

Ҳадафи фестивал муаррифӣ ва эҳёи мусиқии суннатии халқу миллатҳои гуногун мебошад. Фестивал дар ду сол як маротиба танҳо дар Ҷумҳурии Узбекистон доир мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ин Фестивали байналмилалии мусиқӣ соли 1997 бо ташаббуси Созмони ЮНЕСКО ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон таъсис дода шуда, марказаш дар Кореяи Ҷанубӣ ҷойгир аст.

 АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 27, 2024 14:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад