ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар чемпионати CAFA-2024 иштирок менамояд
ДУШАНБЕ, 09.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2025 дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) оид ба футбол таҳти роҳбарии Марко Раҷини дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) иштирок менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар чемпионати CAFA-2024, ки аз 17 то 24 август дар Душанбе баргузор мешавад, шаш тими минтақа – Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, Туркманистон, Эрон ва Афғонистон иштирок мекунанд. Ҳамаи бозиҳои мусобиқа дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешаванд.
Қуръакашии чемпионати CAFA-2024 15 август дар Душанбе баргузор мешавад. Аз рӯи натиҷаи қуръакашӣ ду гурӯҳи иборат аз седастаӣ ташкил мегардад. Дар марҳилаи гурӯҳӣ дастаҳо аз рӯйи системаи даврӣ рақобат мекунанд.
Ғолибони гурӯҳ баъдан дар финал бо ҳам бозӣ мекунанд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойи дуюмро мегиранд, дар бозӣ барои зинаи сеюм вомехӯранд. Инчунин барои ҷойҳои панҷуму шашум бозиҳои тасаллобахш баргузор мешаванд.
АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон








Сармураббии нави дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол таъйин гардид
WORLD JUDO MASTERS 2026. Ситораҳои ҷудои ҷаҳон ба Душанбе меоянд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026. Имрӯз ҷудочиён аз рӯи 5 вазн қувва меозмоянд
Роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар Конгресси КФО дар Ванкувер иштирок намуд
DUSHANBE GRAND SLAM 2026: имрӯз қуръакашии мусобиқа баргузор мегардад
Дастпарварони Клуби марказии варзишии «Артиш» дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби 11 медал шуданд
Варзишгарони навраси Ёвон дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба футбол соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дар Тоҷикистон Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ГӮШТИН-2026. Загреб мизбони сабқатҳои тарзи озод ва юнонӣ-римӣ мешавад
Чемпионати ҷаҳон оид ба қаиқронӣ дар байдарка ва каноэ дар Познани Полша баргузор мешавад
Чемпионати ҷаҳон оид ба тенниси рӯйи миз дар Лондон баргузор мешавад
ҶОМИ ОСИЁ-2026. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон барои анҷоми машқҳои дастҷамъӣ ба Дубай рафт






