ФУТБОЛ. Рақибони дастаҳои «Истиқлол» ва «Равшан» дар Лигаи чемпионҳои дуюми Осиё-2024/25 муайян шуданд

Август 17, 2024 10:51

ДУШАНБЕ, 17.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Куала-Лумпур маросими қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои дуюми Конфедератсияи футболи Осиё — 2024/25 баргузор шуд, ки дар он дастаҳои Тоҷикистон – «Истиқлол»-и Душанбе ва «Равшан»-и Кӯлоб рақибони худро муайян намуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар натиҷаи қуръакашӣ чемпиони Тоҷикистон оид ба футбол байни дастаҳои Лигаи олӣ дар соли 2023 «Истиқлол» ба гурӯҳи «С» дохил шуд. Рақибони бошгоҳи шаҳри Душанбе дастаҳои «Сипоҳон» (Эрон), «Шарҷа» (АМА) ва «Ал-Ваҳдат» (Урдун) гардиданд.

Барандаи медали нуқраи чемпионати Тоҷикистон-2023 «Равшан»-и Кӯлоб дар гурӯҳи «А» бо бошгоҳҳои «Ал-Вақра» (Қатар), «Трактор» (Эрон) ва «Моҳун Баган» (Ҳиндустон) бозӣ мекунад.

Бар асоси натиҷаҳои марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои дуюми КФО-2024/25 ду тими беҳтарин аз ҳар гурӯҳ ба даври баъдӣ роҳ меёбад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Август 17, 2024 10:51

Хабарҳои дигари ин бахш

CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад
Дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалии гӯштингирӣ барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» доир мешавад
«РОҲИ АБРЕШИМ-2026». Мотосиклчиёни Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалӣ соҳиби ҷойҳои намоён шуданд
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон оид ба футбол ғолиби мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон гардид
Абубакр аз Тоҷикистон ва Ҷасур аз Узбекистон соҳиби шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллӣ дар Кӯлоб шуданд