ГӮСФАНДИ ҲИСОРӢ. Имрӯз дар Душанбе Конференсия – Фестивал-намоиши сеюми байналмилалии илмию амалӣ доир шуд

Август 16, 2024 14:10

ДУШАНБЕ, 16.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе дар доираи Фестивал-намоиши байналмилалии зоти гӯсфанди ҳисорӣ,  ки 17 август дар шаҳри Ҳисор баргузор мегардад, Конференсия-Фестивал-намоиши сеюми байналмилалии илмию амалӣ дар мавзуи «Масъалаҳои ҳалталаби рушди гӯсфанди зоти ҳисорӣ» доир шуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Пеш аз оғози конференсия намоиши дастурамалҳо доир ба парвариш ва таърихи гӯсфанди ҳисорӣ доир шуд, ки онро олимону мутахассисони соҳаи чорводории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Беларус  ва дигар шарикони хориҷӣ тамошо намуданд.

Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода иброз намуд, ки ҳадаф аз баргузории ҳамоиши имрӯза рушди минбаъдаи соҳа ва тақвияти фаъолият дар парвариш ва селексияи зоти гӯсфанди ҳисорӣ, таҳлил ва инъикоси мавод оид ба ҳолати имрӯзаи зоти гӯсфандони ҳисорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷи дуру наздик, дастоварду натиҷаҳои илмию амалӣ ва таҷрибаҳои пешқадам дар самти беҳтар намудани минтақаи парвариши ин зоти гӯсфанд ва рушди устувори соҳа мебошад.

Ҳамчунин гуфта шуд, ки гӯсфанди ҳисорӣ калонтарин гӯсфанд дар ҷаҳон мебошад. Ин гӯсфанд барои гӯшту равған парвариш карда мешавад. Ин гӯсфандро дар водии Ҳисор ба вуҷуд овардаанд. Вазни барраи навзоди ин зот 5-7 килограмм буда, вазни барраҳои 5-моҳа ба 40-50, баъзан то ба 55-60 килограмм мерасад. Ин гӯсфанд дар 18-моҳагӣ 70-90 килограмм вазн мегирад.

Тавре Вазири кишоварзӣ  Қурбон Ҳакимзода иброз дошт, дар Тоҷикистон асосан селексияи мардумӣ шуҳрат дошта,  шахсоне, ки ба ин кор машғул буданд, давоми солҳои зиёд зотҳои беҳтарини чорворо ба вуҷуд оварданд. Зоти гӯсфандони ҳисорӣ, ки калонтарин  дар ҷаҳон эътироф шуда, шуҳрати ҷаҳонӣ дорад, маҳсули селексияи мардумӣ мебошад.

Дар Тоҷикистон аз таҷрибаи корҳои илмию селексионии тӯлонии олимону мутахассисони соҳаи гӯсфандпарварӣ ду навъ- типи «Шаҳринавӣ» ва «Фархорӣ»-и гӯсфанди зоти ҳисориро ихтироъ ва мутобиқ гардониданд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳолати 1 августи соли равон чорвои  майда зиёда аз 7 миллион сарро ташкил медиҳад, ки аз ин қариб 3 миллионашро навъи гӯсфанди ҳисорӣ ташкил медиҳад.

Мудири шуъбаи селексия ва технологияи гӯсфандпарварӣ ва  бузпарварии Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Сафаралӣ Наботов афзуд, ки нақши гӯсфандони зоти ҳисорӣ дар такмилдиҳии маҳсулнокии гӯсфандони зоти думбадор ва офаридани зотҳои нав дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон хеле калон аст. Бо истифодаи гӯсфандони зоти ҳисорӣ дар Тоҷикистон зоти гӯсфандони тоҷикии сергӯшту равған ва серпашми тоҷикӣ, дар Қазоқистон зотҳои думбадори «ордабасинӣ», ниммаҳинпашми «актюбинӣ», дар Узбекистон зоти сергӯшту равған ва серпашми «устюртӣ», инчунин зотҳои думбадори «келесӣ» ва «андиҷонӣ» офарида шуданд. Ин корҳо ҳоло низ идома доранд.

Ба гуфти ҳамсуҳбати мо, номи зоти гӯсфандони ҳисорӣ аз рӯи минтақаи парвариши онҳо, яъне  водии Ҳисори Тоҷикистон гирифта шудааст. Ҳанӯз соли 1298 сайёҳи машҳур Марко Поло зоти гӯсфандони ҳисориро дар қаламрави ҳамин мавзеъ вохӯрда, таассуроти худро оид ба ин гӯсфандон дар китобаш чунин сабт намудааст: «Гӯсфанд аз рӯи ҷусса ба монанди маркаб, дорои думбаи  ғафсу калон бо вазни   30 фунт. Гӯсфандони фарбеҳи равғанӣ, дорои гӯшти болаззат».

Ҳамчунин дар самти такмил додани хусусияти ирсию маҳсулнокии зоти гӯсфандони ҳисорӣ олимони шуъбаи селексия ва технологияи гӯсфандпарварии Институти илмию таҳқиқотии чорводории Тоҷикистон, ки соли 1931 ҳамчун аввалин стансияи илмию таҷрибавии ҷумҳурӣ оид ба соҳаи чорводорӣ таъсис ёфта буд, корҳои илмию селексиониро оғоз намудаанд, ки то имрӯз идома меёбанд.

Дар конференсия гуфта шуд, ки дар солҳои гуногун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон гӯсфандони зоти ҳисорӣ ба ҷумҳуриҳои Узбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, инчунин ба Федератсияи Русия ва Беларус интиқол дода шуда, парвариш мешаванд.


Дар натиҷаи таҳқиқоти илмии бисёрсолаи олимони шуъбаи селексия ва технологияи гӯсфандпарварии Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо хоҷагидорон дар заводи зотпарварии «Ҳисор»-и ноҳияи Фархор типи  «фархорӣ»-и ин зот офарида шуд. Ҳамчунин  дар ду хоҷагии зотпарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи олимони шуъбаи селексия ва технологияи гӯсфандпарварӣ ва бузпарварии Институти чорводорӣ ва чарогоҳи Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутахассисони хоҷагиҳои зотпарварӣ корҳои илмию селексионӣ оид ба офаридани типи нави заводӣ бо номи «Шаҳринавӣ» ба анҷом расонида шуд. Соли 2022 аз тарафи комиссияи давлатии апробатсионӣ ба ин типи нави гӯсфандони зоти ҳисорӣ баҳои мусбат гузошта шуда, барои тасдиқи расмии давлатӣ ба Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуд. 15 апрели имсол типи «шаҳринавӣ»-и гӯсфандони зоти ҳисорӣ бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман  тасдиқ шуд.

Ёдовар мешавем, ки пагоҳ, 17 август дар шаҳри Ҳисор  Фестивал-намоиши байналмилалии зоти гӯсфанди ҳисорӣ баргузор мегардад. Дар он дастовардҳои кишоварзӣ ва ҳунармандии корхонаҳои саноатии шаҳри Ҳисор, дастоварди олимон дар соҳаи гӯсфандпарварӣ  ва намоиш-музоядаи гӯсфандони зоти ҳисорӣ баргузор мегардад.

 

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
Тоҳир САИД (АКС)

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 16, 2024 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Дурнамои муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистон ва Индонезия баррасӣ шуд
Дар Душанбе ҷаласаи даҳуми Шурои ҳамоҳангсози миллӣ оид ба рушди соҳаи сайёҳӣ баргузор гардид
Дар Озарбойҷон ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар самти ҳифзи пиряхҳо таъкид гардиданд
Масъалаҳои фаъолияти дидбонгоҳҳои гумрукии наздисарҳадӣ баррасӣ шуданд
Ҷаласаи 7-уми Комиссияи муштараки ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмӣ-техникии Тоҷикистон ва Покистон доир мегардад
Дар Душанбе Лоиҳаи дуюми мукаммалгардонии идоракунии молияи давлатӣ баррасӣ гардид
Дар Сингапур имконияти ҳамкории дуҷониба бо Тоҷикистон баррасӣ шуд
Пагоҳ дар вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузорӣ доир мегардад
Дар Боку бо ташаббуси ҷониби Тоҷикистон оид ба мониторинги криосфера ва ҳамкорӣ барои тақсимоти захираҳои обӣ чорабинии канорӣ доир шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми тиҷоратӣ-сармоягузории кишварҳо дар шаҳри Сингапур иштирок намуд
Дар Тоҷикистон Барномаи «Маблағгузории занҷираи арзиши агросектор» ҷамъбаст гардид
Ҷалби сармоягузории мустақими Ҷумҳурии Сингапур ба Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда шуд