Гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо вазъи беморхонаҳои минтақаи Рашт шинос шуд

Август 23, 2024 09:33

ДУШАНБЕ, 23.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон бо мақсади таҳлили фаъолияти корӣ ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни кормандони муассисаҳо ва аҳолӣ бо вазъи беморхонаҳои марказии ноҳияҳои минтақаи Рашт- Лахш, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод ва Сангвор шинос шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ хабар доданд.

Зимни мулоқот гурӯҳи корӣ бо шароити беморхонаҳо ва сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ шинос шуда, аз одобу муносибати кормандони соҳаи тиб бо беморон ва хешовандони беморон пурсон гардид, вобаста ба сиёсати ғамхоронаи давлату ҳукумат, махсусан барои гурӯҳи ниёзманди аҳолӣ сухан гуфта, корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронид.

Баъди гардиш ва омӯзиши фаъолияти ҳар муассисаи бистаринамоӣ гурӯҳи корӣ бо ҳайати кормандони муассисаҳои тиббӣ ҷаласаҳо доир намуд, ки зимни он дар мавзуи одоби муоширату муносибат бо беморон, баланд бардоштани сатҳи саводу салоҳият ва малакаҳои касбии кормандон, хусусан кормандони миёнаи тиб, беҳтар намудани фаъолияти комиссияҳои назорати сифати табобат, таъминот бо таҷҳизоти муосир бо мақсади воридсозии навгониҳо дар ташхису табобати беморон суҳбати озод доир гардид.

Сафари гурӯҳи кории вазорат дар дигар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ идома дорад.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 23, 2024 09:33

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмология Маркази мониторинги сейсмикӣ ба истифода дода шуд