Имрӯз дар Душанбе бо иштироки кишоварзон Иди тарбуз, харбуза ва каду баргузор гардид

Август 25, 2024 11:00

ДУШАНБЕ, 25.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 25 август дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе  бо ташаббуси Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муаррифӣ намудани дастранҷи марди деҳқон, эҳё намудани анъанаҳои парвариши каду, харбуза, тарбуз ва истифода аз таҷрибаи деҳқонони дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ Иди тарбуз, харбуза ва каду баргузор шуд, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода иброз намуд,  ки баргузории «Иди тарбуз, харбуза ва каду» аз соли 2018 инҷониб  ба ҳукми анъана даромадааст. Баргузории чунин идҳо ба муаррифии дастранҷи марди деҳқон ва маҳсулоти ватанӣ равона гардидааст.

Дар ин рӯз кишоварзони шаҳру ноҳияҳои мамлакат навъҳои гуногуни тарбуз, харбуза, каду ва дигар маҳсулоти кишоварзиро пешниҳод намуданд.

Ҳамчунин дар ин ҷо  гӯшаи тавсияҳо ташкил гардид,  ки дар он олимони соҳаи кишоварзӣ ба деҳқонон барои парвариши ин маҳсулоти полезӣ ва манфиати он тавсияҳо доданд. Инчунин зимни намоиш ба иштирокдорон варақаҳои тавсиявӣ тақдим гардиданд.

Бояд гуфт, ки маҳсулоти полезӣ имрӯз дар ин намоишгоҳ бо нархи нисбат ба бозор арзонтар пешниҳоди сокинону меҳмонон  гардид.


Ба гуфти олимони соҳаи кишоварзӣ, замин ва ҳавои Тоҷикистон барои парвариши маҳсулоти полезӣ созгор аст. Дар мамлакати мо ҳамаи навъҳои маҳсулоти полезӣ, аз ҷумла тарбуз, харбуза ва каду хело хуб парвариш меёбанд. Инчунин таъми он аз маҳсулоти полезии дигар давлатҳо фарқ мекунад. Зеро Тоҷикистон сарзамини офтобӣ буда, ин навъҳои маҳсулот аз таъсири Офтоб хеле хуштаъм ва ширин мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ имсол дар 23 632 гектар маҳсулоти полезӣ кишт гардидааст, ки аз он 18 615 гектар тарбуз ва 5019 гектар харбуза мебошад. То 1 августи имсол дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ҷумҳурӣ 565 ҳазору 310 тонна маҳсулоти полезӣ ҷамъоварӣ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023  19281 тонна зиёд мебошад.

Баргузории Иди тарбуз, харбуза ва каду, пеш аз ҳама,  ба он равона гардидааст, ки сокинон ва меҳмонони пойтахт  бо маҳсулоти ватанӣ таъмин гарданд, маҳсулоти кишоварзӣ тарғиб шавад, дастранҷи марди деҳқон муаррифӣ шуда,  анъанаҳои парвариши каду, харбуза, тарбуз эҳё ва деҳқонон аз таҷрибаи зироаткорони дигар минтақаҳои Тоҷикистон огоҳ шаванд.


Баргузории намоиш-фурӯши каду, харбуза ва тарбуз ҳавасмандии марди деҳқонро зиёд намуда, барои боз ҳам бештар парвариш кардани чунин маҳсулоти полезӣ дар мамлакат имконияти хуб аст. Баргузории намоиш-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ба зиёд гардидани маҳсулот дар бозорҳои мамлакат мусоидат намуда, дар  таъмини амнияти озуқавории мамлакат нақши назаррас мегузорад.

Ҳамчунин дар ин рӯз ба иштирокдорони  намоиш навъҳои беҳтарини харбуза, аз ҷумла «амирӣ», «андархонӣ», «аробакаш», «барги най», «оби набот», «гулобии норанҷӣ», «гулобии сабз», «гулобии зард», «сиёҳ», «зартур», «барафшонӣ», «мирзочулӣ», «парсилдоқ», «сиёҳпӯчоқ», «ҷӯрақанд», «наботи сафед», «ширинпӯчоқ», «шакарпалак», «шакарпора»,  навъҳои каду- гаҳворакаду, палавкаду, ошкаду ё чӯбкаду пешниҳод гардиданд.

Ба иттилои мутахассисони Вазорати кишоварзӣ,  ҳоло дар ҷумҳурӣ 250 навъи харбуза парвариш карда мешавад. Навъҳои харбузаи Осиёи Миёна сершираю сервитамин буда, аз 4,4 то 21 фоиз қанд, 7—9 фоиз  ангиштобҳо, 1 фоиз  моддаҳои нитрогендор,  2  фоиз  равған, оҳар, сафеда ва то 30 мг витамини С доранд.


Мавриди ёдоварӣ  аст, ки каду  беш аз 5000 сол пеш  аз ҷониби инсоният омӯхта шуда, ба шарофати мазза ва хусусияти ғизонокиаш то имрӯз чун маҳсулоти дӯстдоштаи мардум боқӣ мондааст. Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино  навиштааст, ки як кадуро ба се қисм ҷудо карда, дар се шакл истифода бурда, бемориҳои гуногунро метавон бо он шифо бахшид. Яъне, агар кадуро бо шакар ё бо асал мураббо пухта бихӯранд, муътадилтарини мураббоҳо аст, ки майнаро қувват мебахшад. Кадуи дар сирко парвардашуда сабук ва ҳазмкунанда мебошад. Тухми кадуро кӯфта, бо орди ҷав сиришта, батакрор гузошта банданд, барои сӯхтагии оташ даво мешавад. Кадуро кӯфта гузошта банданд, сурхбод ва варамҳои гармро даво меоварад.

Ҳамчунин бояд тазаккур дод, ки тарбуз ҳам муфидтарин зироати полезӣ ба шумор рафта, миқдори қанд дар таркибаш камтар аст. Фруктозаи таркиби тарбуз ба осонӣ дар организм ҳал мешавад. Солҳои охир тарбузро яке аз воситаҳои беҳтарин барои тозакунии ҷисм аз ифлосиҳои гуногун мешуморанд. Инчунин норасоии магний дар организм боиси баланд шудани фишори хун мегардад, ки дар таркиби тарбуз магний бисёр аст. Магний дар якҷоягӣ бо калсий фаъолияти системаи дилу рагҳоро муътадил нигоҳ медорад. Ҳамчунин магний асабониятро рафъ намуда, ба кас оромӣ мебахшад. Дар таркиби 100 грамм тарбуз 224 миллиграмм магний мавҷуд аст. Аз ин рӯ, агар дар як рӯз 150 грамм тарбуз истеъмол намоед, ҷисматон бо меъёри шабонарӯзии ин элементи зарурӣ таъмин мегардад.

Табибон тарбузро беҳтарин ғизои парҳезӣ барои онҳое донистаанд, ки аз вазни зиёд ранҷ мебаранд ва мегӯянд, гирифторони фарбеҳӣ ба осонӣ метавонанд вазнашонро коҳиш диҳанд. Дилаи тарбуз, дона ва ҳатто пӯчоқи он хосияти табобатӣ дорад.

 

 Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
Тоҳир САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Август 25, 2024 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Хатҳои интиқоли барқ дар Кӯҳистони Мастчоҳ бояд навсозӣ карда шаванд
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» таъсиси корхонаҳои нав бо сармоягузорони эронӣ баррасӣ гардид
Дар Деҳлӣ ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи саноат ва технологияҳои муосир баррасӣ шуд
Дар Тоҷикистон саҳми бахши хусусӣ дар истеҳсоли молҳо ба 80 фоиз расид
Созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ оид ба амалишавии рушди низоми почтаи Тоҷикистон ба имзо расид
ИЛОҶИ ВОҚЕА-ПЕШ АЗ ВУҚУЪ. Дар Тоҷикистон майдони тухмгузории малах муайян карда шуд
Дар шаҳри Турсунзода беш аз 6 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз қатораи байналмилалии сайёҳии «Jibek Joly» («Роҳи Абрешим») ба Душанбе мерасад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
Роҳбарони роҳи оҳани Тоҷикистон ва Қазоқистон оид ба рушди долонҳои нақлиётӣ ба мувофиқа расиданд
Имсол дар хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Панҷакент дар 2,5 ҳазор гектар картошка кишт карда мешавад
ПАЙВАНДИ НИҲОЛ. Он ба афзоиш ёфтани ҳосили дарахтон мусоидат мекунад