«ИНЪИКОСИ ОБУ ПИРЯХ ДАР АСАРҲОИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОН». Дар Данғара намоиши сайёри осорхонавӣ ифтитоҳ шуд
ДУШАНБЕ, 20.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара» бо ибтикори Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва бо мақсади муаррифии ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи обу иқлим, аз ҷумла «Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 таҳти унвони «Инъикоси обу пирях дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» намоиши сайёри осорхонавӣ оғоз гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар намоиш директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳизода ва муовини Раиси ноҳияи Данғара Зуҳро Ҳакимзода доир ба аҳамияти ташаббусҳои ҷаҳонии Пешвои миллат дар соҳаи обу иқлим сухан намуданд.
Дар намоиш аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ беҳтарин намунаҳои осори санъати тасвирӣ, ки аз ҷониби рассомони машҳури Тоҷикистон офарида шудаанд ва дар онҳо обҳои мусаффо, кӯҳҳои осмонбӯс, дарёву чашмасоррн, пиряхҳо ва дигар зебоиҳои диёр тасвир гардидаанд, ба маърази тамошо гузошта шуданд.


Ёдовар мешавем, ки намоиши «Инъикоси обу пирях дар асарҳои рассомони Тоҷикистон» дар Муассисаи давлатии «Осорхона-мамнуъгоҳи ҷумҳуриявии Данғара» то 27 август идома меёбад.
Дар ин муддат кормандони гуногункасб ва сокинону меҳмонони ноҳияи Данғара имкон доранд бо офаридаҳои рассомони Тоҷикистон аз наздик шинос гарданд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
Аз минбари СММ то «Раванди оби Душанбе»: таъсири ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон






