Иштирокдорони Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Қазоқистон зимни сайри осорхонавӣ бо таърихи миллати тоҷик шинос гардиданд
ДУШАНБЕ, 15.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Иштирокдорони Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Қазоқистон зимни сайри осорхонавӣ дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни миллати тоҷик шинос гардиданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон.
Меҳмонон ҳангоми тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо ёдгориҳои нодири таърихӣ ва давраҳои пурифтихори таъриху фарҳанги халқи тоҷик аз наздик шинос шуданд.
Дар анҷом иштирокдорони Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Қазоқистон аз истиқболи самимӣ ва муаррифии шоистаи таъриху фарҳанги халқи тоҷик изҳори хушҳолӣ намуда, таассуроташонро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллии Тоҷикистон навиштанд.
Форуми ҷавонони Тоҷикистон ва Қазоқистон, ки 14-16 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, имконияти васеъро барои табодули таҷриба, барқарор намудани робитаҳо ва амалисозии лоиҳаҳои муштарак дар роҳи тақвияти ҳамкорӣ ва дӯстӣ байни ҷавонони Тоҷикистон ва Қазоқистон фароҳам меорад.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон беш аз 2 ҳазор дастнависи нодир нигоҳдорӣ мешавад
Даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад






