Натиҷа ва тавсияҳои Конфронси оби Душанбе дар омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 нақши муҳим мегузорад
ДУШАНБЕ, 28.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Натиҷаҳо ва тавсияҳои Конфронси сеюми сатҳи баланди Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 10-13 июни соли 2024 дар Душанбе муваффақона баргузор гардид, метавонанд дар омодагӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид -2026 /СММ/, ки аз ҷониби Аморати Муттаҳидаи Араб ва Ҷумҳурии Сенегал ташкил карда мешавад, нақши муҳим гузоранд.
Ин нуктаро Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар ҳошияи Ҳафтаи ҷаҳонии об дар Стокголм, дар чорабинӣ бахшида ба Конфронси оби СММ – 2026 баён намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Вазир ҳамчунин аз Конфронси оби СММ – 2023, ки аз ҷониби Тоҷикистон ва Нидерланд ташкил шуда буд, ёдовар шуда, онро гардиши куллӣ барои дар садри рӯзномаи ҷаҳонӣ қарор гирифтани масъалаи об арзёбӣ кард. «Мо шоҳиди қабули Рӯзномаи амали об гардидем, ки рамзи тавонои уҳдадории мо барои ноил шудан ба Ҳадафҳои Рушди Устувор /ҲРУ/-и марбут ба об мебошад», афзуд Далер Ҷумъа.
«Дар якҷоягӣ бо таҳкурсии пуриқтидори Конфронси оби СММ – 2023, инчунин Конфронси сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки соли 2025 дар Тоҷикистон баргузор мегардад, мо метавонем кафолат диҳем, ки Конфронси оби СММ – 2026 барои ноил шудан ба тамоми Ҳадафҳои Рушди Устувор вобаста ба об суръат мебахшад», гуфт дар анҷоми суханронӣ Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон










Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид






