НИШАСТИ МАТБУОТӢ. БЕШ АЗ 30 ҲАЗОР САЙЁҲИ ДОХИЛИЮ хориҷӣ минтақаҳои истироҳатӣ ва мавзеъҳои таърихии Варзобро тамошо намуданд

Август 3, 2024 12:00

ВАРЗОБ, 03.08.2023. /АМИТ «Ховар»/.  Дар ноҳияи Варзоб барои истиқболи сазовор аз  ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  бунёду навсозии  158 иншоот ба нақша гирифта шуда,  то имрӯз 59 иншооти гуногуни ҷашнӣ мавриди истифодабарӣ  қарор дода шудааст. Дар айни замон корҳои сохтмонӣ ва лоиҳакашӣ  дар  иншооти боқимонда идома доранд.  Дар ин хусус зимни нишасти матбуотӣ Раиси ноҳияи Варзоб Хусрав Дамонзода  ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Имрӯзҳо сохтмони бинои иловагии муассисаҳои таълимии деҳаҳои Калон, Намозгоҳ, Чомағзакон, Работ,  Фанфароқ, Сементзавод  ва мавзеи Дашти Ринҷонӣ идома дошта, дар соли нави таҳсил қисме аз онҳо ба истифода дода мешаванд. Биноҳои иловагие, ки ҳоло сохта мешаванд, дорои зиёда аз 1150 ҷойи нишаст дар як баст мебошанд. Ба ин восита мушкилии нарасидани ҷойи нишаст дар соҳаи маориф бартараф мегардад.

Дар ноҳияи Варзоб  25 ёдгории таърихӣ мавҷуд мебошад, ки аз инҳо 17 ёдгорӣ бостонӣ ва 8 ёдгорӣ меъмории дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ мебошад, ки рӯйихати  онҳо дар таҳияи Феҳристи  давлатии ёдгориҳои моддии Ҷумҳурии Тоҷикистон  сабт шудааст.

Ҳамчунин дар ноҳияи Варзоб 1000 минтақаи истироҳатӣ  мавҷуд мебошад. Аз ин шумора   110 минтақаи истироҳатии оммавӣ мавсимӣ буда, минтақаҳои истироҳатии «Кохи Малика», «Варзоб-Палас», «Гулобод», «Гули майда» ва  Маҷмааи лижаронии «Сафеддара» доимӣ фаъолият менамоянд ва  онҳо барои қабули сайёҳон тамоми шароит ва имконоти заруриро  доранд. Мувофиқи  маълумоти оморӣ, дар шашмоҳаи якуми  соли 2024  33 ҳазору 702 нафар сайёҳони дохилию хориҷӣ минтақаҳои истироҳатӣ ва мавзеъҳои таърихии ноҳияи Варзобро тамошо намудаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023  2665 нафар сайёҳ зиёд мебошад.

 Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Август 3, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Стратегияи рушд қабул гардид
Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо 12 муассисаи таълимии хориҷӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
ЯҒНОБ-НИШОНЕ АЗ СУҒДИЁНИ ҚАДИМ. Ин водии афсонавии Тоҷикистон дорои зарфияти хоси табиӣ, фарҳангӣ ва сайёҳӣ аст
Соли равон зиёда аз 5000 сайёҳ мавзеъҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистонро тамошо карданд
Ҷаласаи дуюми Гурӯҳи кории ҷумҳуриявӣ оид ба рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву сабзазоркунӣ баргузор гардид
Дар Қатар инъикоси мавзеъҳои сайёҳии Тоҷикистон дар шабакаи иттилоотии «Ал-Ҷазира» баррасӣ шуд
САЙЁҲӢ ДАР ТОҶИКИСТОН СОҲАИ ОЯНДАДОР АСТ. Мулоҳизаҳои ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ Убайдулло Асрорзода
РУШДИ САЙЁҲӢ. Дар ноҳияи дурдасти Мурғоб се меҳмонхонаи замонавӣ ба истифода дода шуд
Кумитаи рушди сайёҳии Тоҷикистон ва Корпоратсияи рушди сайёҳии Покистон дар асоси «Харитаи роҳ» ҳамкориро вусъат мебахшанд
«Стратегияи рушди Муассисаи давлатии «Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон» барои давраи то соли 2040» таҳия гардид
ҶАШНИ ТИРГОН. Он ҳамчун воситаи маъмули сайёҳии миллӣ муаррифӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба баланд бардоштани иқтидори сайёҳии минтақаи CAREC иштирок намуд