НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар давраи соҳибистиқлолии Тоҷикистон қариб 11 ҳазор иншооти варзишӣ сохта шуд
ДУШАНБЕ, 05.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон 10 ҳазору 934 иншооти варзишӣ, новобаста аз шакли моликият фаъолият доранд, ки дар онҳо наврасону ҷавонон аз намудҳои гуногуни варзиш ба тамринҳои доимӣ фаро гирифта шудаанд. Чунин иброз дошт муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шабнам Раҳимзода имрӯз зимни нишасти матбуотӣ.
«Аз ҷумла, 126 варзишгоҳ, 7601 майдончаи варзишӣ, 2251 толори варзишӣ, 97 ҳавзи шиноварӣ, 88 маҷмааю маркази солимгардонӣ, бошгоҳҳои варзишӣ ва 771 иншооти махсуси варзишӣ, аз қабили тир, боулинг, фитнес, билярд, ҷойи яхмолакбозӣ (каток), тенниси рӯи миз ва клубҳои ихтиёрӣ мавҷуд мебошанд, ки фаъолияти пурсамар доранд», -илова намуд муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш.
Ба иттилои муовини раиси кумита Муҳаммадтолиб Шокирзода, то замони соҳибистиқлолӣ агар дар мамлакат 1500 иншооти варзишӣ мавҷуд буд, имрӯз ин шумора 9 баробар афзудааст, яъне шумораи ин иншоот ба 11 ҳазор наздик шудааст.
«Танҳо давоми шашмоҳаи якуми соли 2024 дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ 49 иншооти варзишӣ, аз ҷумла 35 майдончаи варзишӣ, 12 толори варзишӣ, 1 ҳавзи шиноварӣ ва 1 маҷмааи варзишӣ ва солимгардонӣ бо харҷи 17 миллиону 450 ҳазор сомонӣ сохта, ба истифода дода шуд, ки 2 миллиону 310 ҳазор сомонии он аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва 15 миллиону 140 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби соҳибкорону сарпарастон мебошад», — гуфт ӯ .
Муҳаммадтолиб Шокирзода иброз дошт, ки натиҷаи дастгирӣ ва ғамхориҳои Президенти Тоҷикистон ва ҳукумати ҷумҳурӣ аст, ки солҳои охир варзишгарони мамлакат пайваста дар мусобиқаҳои байналмилалӣ иштирок намуда, бо сазовор гардидан ба ҷойҳои ифтихорӣ нуфузу эътибори сарзамини соҳибистиқлоламонро баланд бардошта, Тоҷикистонро дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ менамоянд.
«Аз ҷумла, дар ин шабу рӯз варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои тобистонаи олимпии Париж-2024 дар байни парчамҳои 206 давлати ҷаҳон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро парафшон намуданд, ки мояи ифтихор ва сарбаландии ҳар кадоми мо аст», — гуфт Муҳаммадтолиб Шокирзода.
Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»








ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд






