НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Имсол талаботи сокинони Тоҷикистон ба гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ бештар гардид

Август 7, 2024 11:43

ДУШАНБЕ, 07.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шашмоҳаи аввали соли 2024 дар ҷумҳурӣ ҳаҷми умумии фурӯши молҳои озуқаворӣ бо таносуби бештар аз рӯи арзиш ба гӯшт ва маҳсулоти гӯштӣ 15,5 фоиз, нон ва маҳсулоти нонӣ 17,5 фоиз, қанду шакар ва маҳсулоти қаннодӣ 4,9 фоиз, сабзавот ва картошка 5,3 фоиз ва равғани растанӣ 4,4 фоиз афзалият дорад.  Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Директори Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Нурмаҳмадзода иттилоъ дод.

Ҳамчунин иброз гардид, ки аз аввали соли 2024 нархи маҳсулоти гӯштӣ 6,2 фоиз, аз ҷумла гӯшти гов  9,7 фоиз ва гӯшти гӯсфанд 7,4 фоиз баланд  шудааст.

Дар ҷараёни нишаст иттилоъ дода шуд, ки аз молҳои ғайриозуқаворӣ таносуби бештар ба маводи бинокорӣ- 29,1 фоиз, автомобилҳо ва қисмҳои эҳтиётии онҳо- 11,4 фоиз, газворҳо- 8,8 фоиз, асбоби барқӣ- 4,6 фоиз рост меояд.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Август 7, 2024 11:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳиссаи Хатлон дар ҳаҷми умумии маҳсулоти соҳаи кишоварзии Тоҷикистон беш аз 53 фоизро ташкил медиҳад
«Саноатсодиротбонк» ғолиби ҷoизаҳои байналмилалии «Беҳтарин лоиҳаҳои рушди иқтисодӣ – 2026» гардид
Дар Ереван маблағгузории гуногунии биологӣ ва татбиқи механизмҳои сафарбаркунии захираҳои дохилӣ ва байналмилалӣ баррасӣ шуд
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ІР Тоҷикистон –2026» оид ба моликияти зеҳнӣ ва технологияҳо доир шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистон» қадрдонӣ шуданд
Дар вилояти Суғд Парки саноатии металлургияи ранга таъсис дода мешавад
Дар шаҳри Гулистон Конфронси нуҳуми байналмилалии истифодабарандагони «Майкромайн-2026» доир мешавад
Пагоҳ дар Бохтар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест – 2026» баргузор мешавад
Конфронси байналмилалии «ІР Авруосиё/ТР Тоҷикистон – 2026» оғоз гардид
Дар нуҳ моҳ иҷрои нақшаи андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ беш аз 124 фоиз таъмин гардид
«Стратегияи миллии гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2030» баррасӣ гардид
«DIGITAL TAJIKISTAN 2026». Моҳи ноябр дар Душанбе форуми байналмилалӣ доир мешавад