НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Суръати афзоиши Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ дар Тоҷикистон ба 8,2 фоиз баробар гардид
ДУШАНБЕ, 09.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ имсол дар мамлакат ба 61 миллиарду 712,5 миллион сомонӣ ва суръати афзоиши он ба 8,2 фоиз баробар гардид. Дар ин хусус муовини аввали Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Маҷидӣ 9 август дар ҷараёни нишасти матбуотӣ ба намояндагони расонаҳои хабарии ватанию хориҷӣ зимни натиҷагирӣ аз фаъолияти Вазорати молияи мамлакат дар шашмоҳаи аввали имсол иттилоъ дод.
Юсуф Маҷидӣ афзуд, ки рушди иқтисодиёти мамлакат дар ин давра аз ҳисоби истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ 11,5 фоиз, гардиши бор- 12,5 фоиз, мусофиркашонӣ- 18,1 фоиз, кишоварзӣ- 9,6 фоиз, сохтмон- 15,7 фоиз, гардиши савдо- 11,9 фоиз ва хизматраоснии пулакӣ дар маҷмуъ 16,6 фоизро ташкил дод.
Дар ин давра ҳаҷми гардиши савдои хориҷӣ ба 4 миллиарду 414,3 миллион доллари амрикоӣ баробар гардид. Аз Тоҷикистон ба маблағи 997,8 миллион доллари амрикоӣ молу маҳсулот содирот ва ба маблағи 3 миллиарду 416,5 миллион доллари амрикоӣ молу маҳсулот ворид гардидааст.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар шаҳри Бӯстон мушкилии таъминот бо об бартараф гардид
Дар ноҳияи Зафаробод 12 пойгоҳи обкашӣ фаъолият дорад
Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд






