«ҶОЗИБАИ ПЕШВО». Дар Қоҳира дар бораи Президенти Тоҷикистон китоб ба нашр расид

Август 31, 2024 14:21

ДУШАНБЕ, 31.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар арафаи 33-юмин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон нашриёти «Дор ал-фикр ал-арабӣ» дар Қоҳира китоби арабшиноси тоҷик, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Назруллоҳи Назарро бо номи «Ҷозибияту-л-Қоид» («Ҷозибаи Пешво») нашр намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.

Китоб, ки дар ҳаҷми 134 саҳифа ба забони арабӣ таълиф шудааст, рӯйдодҳои Тоҷикистони соҳибистиқлолро аз диди муаллиф ба қалами тасвир кашидааст. Қаҳрамони китоб Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, муаллиф корномаҳои ин абармардро дар хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ, расидан ба Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон, баргардонидани гурезагони иҷборӣ ба диёрашон, раванди бозсозӣ ва рушди бемайлони ҷумҳурӣ, гузоштани гомҳои устувор ба сӯи ояндаи дурахшон бо услуби бадеии шево ва ҷолиб баён кардааст.

Китоб аз бобҳои «Дебоча», «Ҷозибаи Пешво-Президент», «Ҷозибаи Пешво-Инсон» ва «Ҳусни хотима» иборат буда, дар замима 5 ташаббуси байналмилалии Президенти мамлакат дар масъалаҳои об ва ташаббуси шашуми Пешвои миллат, ки дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» (Душанбе, 10-13 июни соли 2024) дар бораи эълони Даҳсолаи қутбшиносӣ ва яхшиносӣ садо дод, номбар шудаанд.

Ҳамчунин дар замима номгӯи асарҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, китобҳо дар бораи ӯ, мукофоту унвонҳои давлатҳои ҷаҳон, ки ба он Пешвои миллат барои хизматҳои шоён сарфароз гардидаанд, намунаи шеърҳои шоирони халқии Тоҷикистон Низом Қосим, Камол Насрулло, Доро Наҷот дар ситоиши Пешвои миллат ва намунаи шеърҳои Ҳадиса, Латофат ва чанде аз шоирони дигар дар васфи Тоҷикистон дар тарҷумаи манзуми муаллиф ба забони арабӣ оварда шудаанд.

Шоистаи ёдоварӣ аст, ки нашриёти «Дор ал-фикр ал-арабӣ» қаблан шоҳасари муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих»-ро дар тарҷумаи тарҷумонҳои шинохтаи мисрӣ ба забони арабӣ дар чаҳор ҷилд ду маротиба- солҳои 2009 ва 2011 бо нигориши ниҳоят зебо чоп карда буд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти ин шоҳасари арзишманд дар таҳқиқи таъриху тамаддуни бостонии тоҷикон соли 2022 дар Донишгоҳи Қоҳира бо унвони «Доктори фахрӣ» сарфароз гардонида шуданд.

АКС: Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Август 31, 2024 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони Осорхонаи миллӣ аз пӯшидани либоси миллӣ ифтихор менамоянд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд даври якуми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон беш аз 7 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар Театри давлатии опера ва балети пойтахт намоиш-фурӯши китоб оғоз шуд
Дар Хатлон Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасон» баргузор гардид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз шуд
Ҳамкории илмии Институти астрофизикаи Тоҷикистон ва Институти астрономияи Узбекистон густариш меёбад
Пагоҳ дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» оғоз мегардад
Наврӯзи байналмилалиро дар Академияи миллии илмҳо бо риояи суннату анъанаҳои миллӣ таҷлил намуданд