Пагоҳ дар Тоҷикистон Рӯзи кормандони соҳаи тиб таҷлил мегардад

Август 17, 2024 17:08

ДУШАНБЕ, 17.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола дар мамлакат 18 август  Рӯзи кормандони соҳаи тиб таҷлил мешавад. Ин сана ба рӯзи тавлиди олим, файласуф, табиби ҳозиқи ҷаҳон, шоири классики адабиёти тоҷику форс Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино рабт дорад.  Айни замон дар  муассисаҳои тандурустии Тоҷикистон  21 616  нафар табиб ва 62 485 нафар корманди миёнаи тиббӣ фаъолият доранд, ки ин шумора нисбат ба соли 2023  2,1 ва 1,8 фоиз зиёд мебошад.

Тавре дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, тибқи омори пешакӣ, банд будани воҳидҳои кории табибон 91,4 ва кормандони миёнаи тиббӣ 99,0 фисадро ташкил дода, нисбат ба соли 2023 тахминан 3,5 ва 1,4 фоиз зиёд мебошад.

Барои баланд гардидани малакаи касбии табибон дар шашмоҳаи якуми соли равон  1167 нафар табибон ва 2347 нафар кормандони миёнаи тиббӣ ба аттестатсия фаро гирифта шуданд, ки нисбат ба шаш моҳи соли 2023  мутаносибан табибон 180 нафар зиёд ва кормандони миёнаи тиббӣ 1029 нафар кам мебошанд.

Баъди хатми муассисаҳои тиббӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии  мамлакат хатмкунандагон барои фаъолият намудан ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ роҳхат дода мешаванд. Теъдоди ба ҷои кор ҳозиршудагони гурӯҳҳои буҷавии коллеҷҳои тиббии давлатӣ дар солҳои 2022-2023 дар умум 67,5 фоизро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2023  4,9 фисад зиёд мебошад.

Дар айни замон аз ҷониби муассисаҳои таълимию илмии вазорат 46 лоиҳаи илмию таҳқиқотӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023  16 адад зиёд мебошад.

Дар ҷумҳурӣ 37 коллеҷи тиббӣ, аз ҷумла 16 коллеҷи тиббии давлатӣ ва 21 коллеҷи тиббии ғайридавлатӣ фаъолият доранд.

 АКС: АМИТ «Ховар»

Август 17, 2024 17:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба муносибати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар партави ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманд дар шаҳри Душанбе кумак расонида шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон конфронс доир шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд