РӮДАКӢ ДАР ҚАЗОҚИСТОН, АБАЙ ДАР ТОҶИКИСТОН. Гузоштани нимпайкараи ин фарзандони барӯманди ду халқ нишони дӯстии қадимии тоҷику қазоқ аст
ДУШАНБЕ, 23.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. 22 август дар мулоқоти хосаи Сарони давлатҳои Тоҷикистону Қазоқистон — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев дар баробари баррасии масоили иқтисодию иҷтимоӣ, ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг ва санъат низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Ба яке аз кӯчаҳои Остона додани номи асосгузори адабиёти классикии тоҷик Абуабдулло Рӯдакӣ ва гузоштани нимпайкараи ӯ дар ин шаҳр, инчунин чун рамзи эҳтиром ба халқи қазоқ номи мутафаккири барҷаста Абайро гирифтани яке аз кӯчаҳои марказии пойтахти Тоҷикистон ва гузоштани нимпайкараи ӯ дар шаҳри Душанбе намунаи барҷастаи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг маҳсуб мешавад.
Ёдовар мешавем, ки ба хотири гиромидошти номи фарзанди барӯманди халқи тоҷик моҳи сентябри соли 2021 бо қарори Маслиҳат (маҷлис)-и шаҳри Остона ба яке аз кӯчаҳои васею зебоманзари пойтахти Ҷумҳурии Қазоқистон номи поягузори адабиёти тоҷику форс, одамушшуаро — Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гузошта шуд.
24 сентябри соли 2021 дар доираи сафари расмӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар маросими ифтитоҳи нимпайкара ва кӯчаи ба номи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар шаҳри Остона иштирок намуданд.
Кӯчаи мазкур дар соҳили рости шаҳри Остона, дар ноҳияи Алма-ато ҷойгир буда, аз хиёбони Бауржан Момишули то кӯчаи Бейимбет Майлин идома меёбад. Нимпайкараи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар чорроҳа (буриши) кӯчаи ҳамном ва кӯчаи Бейимбет Майлин гузошта шуда, баландии он якҷо бо пояаш 3 метр мебошад. Майдончаи назди нимпайкара бо 60 дарахти сӯзанбарг ва 400 гули садбарг ороста шуда, дар масоҳати 220 метри мураббаъ сангфарш ва дар он нишастгоҳҳо насб карда шудаанд.
Муаллифи лоиҳаи нимпайкараи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ рассоми ҳайкалтарош Олим Рабиев ба шумор рафта, он аз ҷониби ҳайкалтарош Хушвахт Саъдиев омода шудааст.
Хотиррасон мешавем, ки 21 августи соли равон дар Боғи фарҳангу фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсӣ дар шаҳри Душанбе маросими пардабардорӣ аз рӯи нимпайкараи шоири қазоқ Абай Кунанбоев баргузор гардид. Дар маросими мазкур Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва Вазири фарҳанг ва иттилооти Ҷумҳурии Қазоқистон Аида Баллаева иштирок намуданд. Номи яке аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе ба номи ин шоир ва мутафаккири барҷаста гузошта шудааст.
Абай Кунанбоев шоир, бастакор, маорифпарвар ва фаъоли ҷамъиятии қазоқ дониста мешавад. Ӯ шахсияти ҷаҳонӣ буда, мероси ғании адабии шоир на танҳо ганҷинаи маънавии як миллат, балки мутааллиқ ба кулли башарият мебошад.
Бояд гуфт, ки дар соҳаи илм ва маориф низ ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон рушд меёбад. Айни ҳол дар муассисаҳои олии таълимии Қазоқистон наздики 400 шаҳрванди Тоҷикистон ва дар ҷумҳурии мо 100 донишҷӯ аз давлати дӯст таҳсили илм доранд.
Ёдовар мешавем, ки 22 август Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварданд.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








«Куллиёт»-и осори Мирзо Турсунзода рӯнамоӣ гардид
Ба шаҳри Панҷакент Шаҳодатномаи Шаҳри байналмилалии ҳунармандӣ дода шуд
«ТУ ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНӢ, ДУШАНБЕ!» Дар пойтахт озмуни шаҳрӣ идома дорад
«ФАРҲАНГИ СУМАНАКПАЗӢ». Ин таоми миллӣ хусусияти табобатӣ низ дорад
Сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов соҳиби туҳфаи Пешвои миллат — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ мегарданд
«ДАР ҲУНАР КӮШ, КИ ЗАР ЧИЗЕ НЕСТ…». Фаъолияти Аспармо Мавлоназарова барои рушди ҳунарҳои миллӣ намунаи ибрати ҷавонон аст
Дар Душанбе дар мавзуи Куруши Кабир ва Эъломияи умумии ҳуқуқи башар ҳамоиш доир гардид
Туҳфаи Президенти Тоҷикистон — «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ноҳияи Мастчоҳ расид
ҲИФЗИ МЕРОСИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН. Тавассути сиёсати хирадмандона имрӯз ҷаҳониён бо таъриху фарҳанги миллати мо шинос мешаванд
Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон бо «Россотрудничество» ҳамкориро густариш медиҳад
Дар Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экология озмоишгоҳи муштараки муҳити экологӣ ба истифода дода шуд
Фестивали байналмилалии «Сӯзании Панҷакент» баргузор мешавад






