Табибони тоҷик ду ҷарроҳии мураккаб анҷом доданд
ДУШАНБЕ, 29.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шуъбаи ҷарроҳии асаби калонсолони Маркази миллии тиббии Тоҷикистон «Шифобахш» аз ҷониби ҷарроҳони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷарроҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон Масуди Шервонӣ ду ҷарроҳии мураккаб гузаронида шуд, ки пас аз анҷоми амалиёти ҷарроҳӣ ҳолати беморон хуб мебошад.
Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати тандурустии мамлакат иттилоъ доданд, ҷарроҳии аввал гирифтани чураи гардан ва гузоштани кейч дар байни муҳраҳои Сб С7 буда, ҷарроҳии дуюм дар омоси қисми болоии ҳароммағз ва майнаи сар гузаронида шуд.
Табибон дар мағзи сар низ ду ҷарроҳии мураккаб анҷом доданд. Чунин амалиёти ҷарроҳӣ дар ин шуъба қаблан низ анҷом дода мешуд. Баргузории ин гуна амалиёти нодир бо ҷарроҳони хориҷӣ ба баланд бардоштани донишу таҷриба ва малакаи ҷарроҳони ватанӣ мусоидат мекунад.
Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани чунин амалиёти мураккаби ҷарроҳӣ ин шуъбаҳо бо таҷзиҳоту лавозимоти муосири тиббӣ таъмин карда шудаанд. Ҷарроҳони ватанӣ метавонанд бо истифода аз шароиту имконоти мусоиди фароҳамгардида ин гуна амалиёти нодири ҷарроҳиро дар мамлакат муваффақона гузаронанд.
АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти таҳсилоти касбӣ Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад






