Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар Панели сатҳи баланд оид ба нақши об дар равандҳои глобалӣ таъкид шуд

Август 28, 2024 17:30

ДУШАНБЕ, 28.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Ҳафтаи ҷаҳонии об дар Стокголм Вазири энергетика ва захираҳои оби  Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар Панели сатҳи баланд оид ба нақши об дар равандҳои глобалӣ иштирок намуда, иброз дошт, ки Тоҷикистон дар талошҳои байналмилалӣ оид ба ҳалли масъалаҳои об фаъолона иштирок менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Панели сатҳи баланд оид ба нақши об дар равандҳои глобалӣ ба ташкили платформа барои ҳамкории байнисоҳавӣ ва шарикӣ, ки ба нигоҳ доштани динамикаи рушди захираҳои об дар сатҳи ҷаҳонӣ мусоидат мекунад, равона шудааст. Ҷаласа ба масъулияти умумӣ, роҳбарӣ ва ҳамкории наздиктари байнисоҳавӣ барои ба даст овардани натиҷаҳои дилхоҳ нигаронида шудааст.

Далер Ҷумъа ҳамчунин аҳамияти ташаббусҳои глобалии Тоҷикистонро марбут ба об таъкид намуда, иброз дошт, ки Тоҷикистон  дар талошҳои байналмилалӣ оид ба ҳалли масъалаҳои об нақши муассир мегузорад.

Инчунин Далер Ҷумъа вобаста ба аҳамияти Конфронси оби СММ – 2026 ва зарурати татбиқи уҳдадориҳои дар доираи конфронс қабулшуда дар сатҳи ҷаҳонӣ, минтақавӣ ва маҳаллӣ ибрози назар намуд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 28, 2024 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Оид ба масъалаҳои идоракунии молияи давлатӣ ҷаласа доир гардид
Дар Душанбе таҳти раёсати ҷониби Тоҷикистон ҷаласаи 48-уми Шурои авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии ИДМ баргузор гардид
Хизматрасониҳои нави электронии андоз ҷорӣ карда шуданд
«ХАТЛОН — САРЗАМИНИ ТАМАДДУНҲО ВА САЁҲАТ». Дар ноҳияи Муъминобод Форум ва намоиши байналмилалии сайёҳӣ доир мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи ҷашнии Шурои нозирони Созмони ҳамкории роҳҳои оҳан баргузор мешавад
Азнавбарқароркунии мусофирбарӣ тавассути роҳи оҳан дар хатсайри «Душанбе — Москва» баррасӣ карда шуд
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияҳои Хатлон бо корҳои саҳроӣ шинос шуд
Дар Тоҷикистон ҷамъоварии пиёзи барвақтӣ оғоз гардид
Дар Зафаробод дар беш аз 14 ҳазор гектар пунбадона кишт карда мешавад
«Маркази рақамикунонии соҳаи нақлиёт» соҳиби мақоми резиденти IT-Park Dushanbe шуд
Дар Душанбе савдои фаромарзии бекоғаз ва экосистемаи рақамии тиҷорати электронӣ баррасӣ гардид
Ҷаласаи нахустини гурӯҳи кории Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи рақамикунонӣ ва технологияҳои иттилоотӣ баргузор гардид