Теъдоди бар асари заминларза зарардидагон дар Ҷопон ба 12 нафар расид
ДУШАНБЕ, 09.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди зарардидагони заминларзаи шадид дар ҷанубу ғарби Ҷопон аз 5 ба 12 нафар расид. Дар ин хусус агентии Kyodo иттилоъ додааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС.
Хавфи сунами (мавҷи азими фалокатовари уқёнус) барои тамоми минтақаҳо бартараф карда шуд. Баландии мавҷҳои то ин муддат сабтшуда аз 20 то 80 см буд.
Маркази заминларза дар наздикии префектураи Миядзаки дар ҷазираи Кюсю воқеъ буда, манбаъ дар умқи 30 километр дар зери қаъри уқёнус ҷойгир шудааст. Шиддати зилзила дар неругоҳҳои атомии «Иката» и «Сендай» ягон ҳолати фавқулода ба вуҷуд наовард.
Ҳамзамон бо ин мақомоти Ҷопон ҳушдор додаанд, ки эҳтимоли заминларзаи шадид дар тарқиши Нанкай дар Ҷопон ба таври муваққатӣ афзоиш ёфтааст. Чунин огоҳинома бори аввал нашр мешавад.
Давоми солҳои охир зилзилашиносони Ҷопон аз эҳтимоли рух додани заминларзаи ногузир дар тарқиши Нанкай, ки дар ҷануби шарқии соҳили марказии ҷазираи асосии Хонсюи Ҷопон воқеъ аст, хеле ба ташвиш омадаанд.
Дар ин ҷо дар ҳар 100-200 сол як маротиба зилзилаҳои пуриқтидори қувваашон тақрибан 8-балла рух медиҳанд. Тибқи пешгӯии олимон, эҳтимоли ба амал омадани заминларзаи 8 ё 9-дараҷагӣ давоми 30 соли оянда ба 70-80% баробар аст. Дар ин ҳолат қисмати калони давлат зарар дида, дар соҳили уқёнуси Ором сунами бо баландии беш аз 30 метр метавонад ба амал ояд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






