ТИБ, БИОЛОГИЯ ВА ВАРЗИШ. Маркази миллии тестӣ гурӯҳи ихтисосҳои серинтихоби соли 2024-ро номбар намуд
ДУШАНБЕ, 01.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳҳои ихтисосҳои серинтихобро номбар намуд. Дар байни ихтисосҳо класстери 5 (тиб, биология ва варзиш) аз ҳама серинтихоб буда, шумораи довталабони онро интихобкарда 98,54 %-и ҷойҳои нақшавии ин гурӯҳро ташкил медиҳад.
Ба иттилои директори Маркази миллии тестӣ Сабзалӣ Ҷаъфарзода, солҳои пеш низ ин гурӯҳи ихтисосҳоро довталабон нисбат ба гурӯҳҳои дигар бештар интихоб мекарданд.
Тавре муовини якуми директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулбосит Шодиниё ба хабарнигорон иттилоъ дод, дар ҷойи дуюм класстери 4-ум -ихтисосҳои ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ қарор дорад. Теъдоди довталабоне, ки ин ихтисосҳоро интихоб кардаанд, ба 93,75 %-и шумораи ҷойҳои нақшавӣ баробар аст.
«Дар ҷойи сеюм гурӯҳи ихтисосҳои филология, педогогика ва санъат қарор дорад, ки теъдоди умумии довталабони номнависшуда ба 90 фоизи шумораи ҷойҳои нақшавӣ баробар мебошад»,-гуфт Абдулбосит Шодиниё.
Абдулбосит Шодиниё иброз дошт, ки довталабон ба гурӯҳи ихтисосҳои якум, яъне табиӣ ва техникӣ ва ихтисосҳои дуюм- иқтисод ва география камтар таваҷҷуҳ доранд, ки нишондиҳандаи ин ихтисосҳо ба 54,44 ва 79 фоиз баробар аст.
Зарангези ЛАТИФ,
Зоирҷони ТОИРЗОД (АКС)
АМИТ «Ховар»








Маркази миллии тестӣ натиҷаҳои озмуни тақсимоти такрории давраи сеюми имтиҳонҳои дохилшавиро эълон намуд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва Муассисаи фарҳангии АКК Созишнома оид ба омӯзиши забони ҷопонӣ ба имзо расид
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Давраи чоруми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 баргузор мегардад
Дар Душанбе доир ба ташаккули маърифати зиддикоррупсионӣ ҳамоиш баргузор гардид
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон соҳиби аккредитатсияи байналмилалии институтсионалӣ гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалӣ оид ба бехатарии молиявӣ иштирок намуданд






