Тоҷикистон ва Британияи Кабир ҳамкориро дар самти ҳолатҳои фавқулода баррасӣ намуданд

Август 29, 2024 14:24

ДУШАНБЕ, 29.08.2024. /АМИТ «Ховар»/. 28 август Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода бо ҳайати Британияи Кабир таҳти роҳбарии муовини директор оид ба рушд дар Осиёи Марказӣ Майкл  Галлахер вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ хабар доданд.

Ҳадафи вохӯрӣ табодули таҷриба байни воҳидҳои наҷоти ду давлат, усулҳои истифода аз фанновариҳои муосир ҳангоми анҷом додани амалиёти наҷот ва баргузории даврҳои омӯзишӣ барои наҷотдиҳандагон бо иштироки мутахассисони бритониёӣ арзёбӣ гардид.

Рустам Назарзода оид ба воҳидҳои сохтории Кумита ва ҳамкории байналмилалӣ дар самти пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ маълумот дод.

Вохӯрӣ дар асоси Созишномаи ҳамкорӣ дар идораи  хатари офатҳои табиӣ, ки аввали моҳи августи соли 2024 байни Кумита ва Ҳукумати Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ба имзо расид, баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба дурнамои ҳамкории минбаъда табодули афкор намуда, масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ карданд.

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Август 29, 2024 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Сокинони ноҳияи Тоҷикобод аз муоинаю ташхисҳои тиббии ройгон гузаронида шуданд
Бо иштироки занону духтарони вазорату идораҳо иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем!» доир гардид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори маҳаллӣ дар ноҳияи Темурмалик барои ду ҳамдеҳааш хона сохт
Дар шаҳри Ҳисор маҳфил-озмуни «Тоҷикистони ман!» баргузор мешавад
«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд