Зуҳро Ҳакимзода: «Мо тоҷикем ва бояд тоҷикона либос пӯшем!»
ДУШАНБЕ, 02.08.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Охир чаро мо бегонапарастӣ кунем? Чаро аз фарҳанг, аз забон, аз таърих, урфу одатҳои худ ношукрӣ кунем? Чаро? Ана, душманони миллати тоҷик ҳамин хел кор мекунанд. Аввал расму ойинатро мегиранд, баъд забону фарҳангро, баъд давлат ва ҳамин тариқ миллат аз байн меравад, фаромӯш накунед, мардум! Дар як баромадам гуфта будам, имрӯз низ мегӯям: Ман ифтихор мекунам, ки аввал тоҷикаму баъдан мусулмон». Ин суханони Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки 9-уми марти соли равон зимни мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин иброз доштанд ва онро бояд мо сармашқи кори худ қарор диҳем. Дар пайравӣ ба Сарвари давлат ҳар яки мо бояд аз тоҷик буданамон ифтихор дошта бошему мисли Пешвои миллат ба таъриху фарҳанги он, аз ҷумла либоси миллӣ, ки мероси гаронбаҳои ниёгони мост, арҷ гузорем. Ин матлабро муовини Раиси ноҳияи Данғара Зуҳро Ҳакимзода дар мақолааш, ки ба унвони АМИТ «Ховар» ирсол шудааст, баён доштааст. Дар зер матни пурраи мақола оварда мешавад.
— Тоҷикон яке аз миллатҳои қадимтарин ба шумор рафта, таъриху тамаддуни пурғановати онҳо дар забону адабиёт, фолклор, ҷашну маросимҳо, суруду мусиқӣ, ёдгориҳои табиию таърихӣ, фарҳанги ғайримоддӣ ва ҳатто тарзи пӯшидани либос таҷассум ёфтааст. Дар маҷмӯъ, риояи либоспӯшии миллӣ-ин арҷгузорӣ ба суннатҳои миллӣ ва эҳтиром ба халқу миллат буда, ҷузъи ҷудонашавандаи фарҳанги миллӣ маҳсуб меёбад.
Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу субот тамоми рукнҳои давлатдории худро эҳё карда, онро дар олам муаррифӣ менамояд. Либоси миллӣ имрӯз муаррифи миллати тоҷик дар ҷаҳон аст. Ҳангоми ташрифи меҳмонони хориҷӣ борҳо мушоҳида кардаам, ки онҳо бо як дидан мафтуну ошиқи либосҳои зебои миллии мо мешаванд. Либосҳои миллии мо на танҳо бо як ранги сиёҳ ё сапед, балки бо ҳазорон ранг аз худ ҳунару зебоиро интишор медиҳанд ва ҳосили зеботарину шевотарин ҳунари хайётӣ, гулдӯзиву зардӯзиву сӯзаникориянд, ки дар ҷаҳон назир надоранд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, аз рӯ овардани баъзе занону духтарон ба расму ойини бегона, аз ҷумла тақлид ба либоспӯшии дигар миллатҳо, изҳори нигаронӣ намуда, аз ҷумла иброз доштанд, ки: «бегонапарастӣ дар сарулибос, яъне пӯшидани либоси бегона бо номҳои сохтаи сатру ҳиҷоб дигар масъалаи мубрам барои ҷомеаи мо мебошад… Дар ҳоле ки ислом либос наовардааст ва ҳамаи миллатҳо ва қавму қабилаҳо либоси миллии худро бо шартҳои исломӣ мутобиқ кардаанду халос».
Дар ҳақиқат, мувофиқи сарчашмаҳои таърихӣ, халқи мо аз қадим либосҳои зебои занона дошта, ҳеҷ гоҳ сиёҳпӯш набуд. Ҳатто, либоси мотамии миллати тоҷик чунин ранг надошт. Бо дарназардошти ин ҳама, занону духтарони тоҷикро зарур аст, то ба хотири арҷ гузоштан ба фарҳанги миллӣ, ки комилан фарогири меъёрҳои ахлоқию динӣ мебошанд, либосҳои тоҷикона ба бар намоянд.
Воқеан, вақти он аст, ки тақлидкориву бегонапарастиро решакан намуда, дар ҳифзу побарҷо мондани фарҳангу тамаддуни ниёгон саҳм гузорем. Ҳаргиз нагузорем, ки ҷои пероҳани зебои миллии моро, ки дар шебу фарози таърих асолату зебоии худро гум накарда, ба насли имрӯз мерос гузошта шудааст, либосҳои ғайр бигиранд. Охир мо ҳам вазифадорем, ки мисли ниёгон, либоси миллиамонро бо таровати нав ва шукуҳи хоссааш ба насли фардо мерос гузорем. Мо тоҷикем ва бояд тоҷикона либос пӯшем.
АКС аз манбаъҳои боз








Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад






