35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Истаравшан 12 километр роҳҳои калони нақлиётгард мумфарш карда мешаванд
СУҒД, 22.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба истиқболи сазовори ҷашни миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷамоати деҳоти “Чорбоғ”-и шаҳри Истаравшан зиёда аз 12 километр роҳи дорои аҳамияти маҳаллии Истаравшан-Чорбоғ-Калининобод-Деваштич ва роҳҳои калони байни деҳа бо сифати баланд мумфарш гардонида шуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан хабар доданд.
Бахшида ба ҷашни фархунда- 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи нақшаи чорабинии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан ва бо харҷи маблағҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, буҷаи маҳаллӣ, саҳми соҳибкорони бонангу номус ва дастгирию хайрандешии сокинони шаҳру деҳот 990 иншооти таъйиноти гуногун бунёду навсозии куллӣ шуда, мавриди истифода қарор дода мешаванд.
Ҷамоати деҳоти “Чорбоғ”-и шаҳри Истаравшан дар мавзеи хушобу ҳавои ин шаҳри қадимӣ ҷойгир буда, 22 ҳазор сокинонаш бо кишоварзию боғбонӣ, чорводорию соҳибкории хурд ва миёна шуғл меварзанд. Дар ҷамоат аҳолии деҳаҳои калонтарини Чорбоғ, Варсиқ, Майдонча ва Файзи Истиқлол бештар ба картошкапарварию парвариши бузу гӯсфандони ҳисорию маҳаллӣ машғул гардида, дар таъмини сабади истеъмолии мардуми вилояти Суғду Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисса мегузоранд.
Бо сарфи маблағҳои ба нияти адои ҳаҷ ғунгардида ва ҳашари оммавӣ то ин муддат бо шарофати Истиқлоли давлатӣ симои деҳаҳои ҷамоат ба куллӣ дигар гардида, қомат афрохтани силсилабиноҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, мактабу синфхонаҳои иловагӣ, марказҳои саломатию бунгоҳҳои солимгардонӣ, марказҳои савдову хизмати маишӣ, мағозаҳои молҳои талаботи ҳаррӯза симои 4 деҳаи ҷамоати деҳоти “Чорбоғ”-ро диданиву назаррабо гардонидаанд. Ин амали нек низ бо роҳи ҳашар ва маблағгузории соҳибкорону аҳолии саховатпеша идома дорад.
22 ҳазор аҳолии ҷамоати деҳот дар ҳамбастагию муттаҳидӣ аз суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд неруи тоза гирифта, ҳамарӯза ба ободонию созандагӣ ва мумфаршкунии роҳҳои калон машғул мешаванд.
Баъди таъмиру тармими куллӣ ва ба маблағи зиёда аз 1 миллион сомонии сокинону соҳибкорони ватандӯст мавриди истифода қарор гирифтани Маркази саломатӣ дар деҳаи Варсиқ, бунёди 8 синфхонаи иловагӣ дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ дар деҳаи Чорбоғ, пешниҳоди ҷавонон гардонидани толори зебою барҳавои “Гӯштингирӣ” ва бо харҷи 105 ҳазор сомонӣ тариқи ҳашари оммавӣ аз таъмири асосӣ бароварда, ба хизмати мардум вогузор намудани бунгоҳи тиббии деҳаи Чорбоғ барои 14 ҳазор нафар, кофтану мавриди истифода қарор додани зиёда аз 10 чоҳи амудии таъмини оби нӯшокӣ ва полезӣ аз омодагии дастовезҳои ҷашнӣ ба истиқболи 35 — солагии Истиқлоли давлатӣ шуморида мешаванд.
Дар ин раванд бо роҳи ҳашари оммавӣ ва ҷалби мутахассисони соҳаи обёрӣ иваз намудани қубурҳои обгузари қутрашон 1200- миллиметраи роҳи калони нақлиётгарди дорои аҳамияти маҳаллии Истаравшан-Чорбоғ-Калининобод-Деваштич, ки даҳсолаҳо мавриди истифода қарор дошта, имрӯз фарсудаю корношоям гардидаанд, идома дорад.
Саъдулло МАҲКАМ,
АМИТ «Ховар»
АКС: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Истаравшан








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Мастчоҳ якчанд иншооти иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар деҳаи Оламафрӯзи Ҷамоати Лолазори ноҳияи Данғара пули мошингузар ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Сокинони деҳаи ба номи Ортиқ Ҷумаеви шаҳри Турсунзода бо оби нӯшокӣ таъмин шуданд
Дар доираи сафари кории Президенти Тоҷикистон дар Исфара иншооти соҳаи тандурустӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мастчоҳ 735 иншоот бунёду навсозӣ гардидааст






