БА ПРЕЗИДЕНТ ВА БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! 29-солагии таъсиси Гвардияи миллии Тоҷикистон бо руҳияи баланди ватандӯстӣ таҷлил гардид

Сентябрь 3, 2024 15:43

ДУШАНБЕ, 03.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ду ҷашни бузурги миллӣ- 33-солагии Истиқлоли давлатӣ ва 29-солагии фаъолияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо руҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихор аз Тоҷикистони соҳибистиқлол ботантана таҷлил намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи Гвардияи миллӣ хабар доданд, дар ҷамъомад намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорони гвардия ва ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ иштирок намуданд.

Котиби Шурои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода Паёми табрикии Президенти ҷумҳурӣ, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат намуда, ҳайати шахсии Гвардияи миллиро бо ҷашни Истиқлоли давлатӣ ва Рӯзи таъсиси Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт. Аз роҳи пуршарафи ҷангӣ ва саҳми арзандаи афсарону аскарони Гвардияи миллӣ дар солҳои аввали Истиқлоли давлатӣ, барқарор намудани сулҳу ваҳдати миллӣ, ҷасорату мардонагии онҳо дар мубориза бар зидди гурӯҳҳои террористӣ ёдовар шуда, иброз гардид, ки Гвардияи миллӣ ниҳоди махсуси низомӣ аст, ки вазифаҳои муҳими давлатиро вобаста ба ҳифзу ҳимояи давстовардҳои Истиқлоли давлатӣ бар уҳда дорад.

Таъкид гардид, ки афсарону аскарони Гвардияи миллӣ бояд бо интизоми қатъӣ, маҳорати баланди касбӣ, малакаву дониши мукаммал, шуҷоату далерӣ, ҳушёриву зиракӣ ва садоқату ҷасорат намунаи ибрат бошанд. Ҳар командир вазифадор аст, ки дар замири аскарон ватандӯстиву ватанпарвариро тарбия намояд ва ба онҳо маҳорату малакаи ҷангӣ омӯзонад.

Дар идомаи ҳамоиши  тантанавӣ як гурӯҳ хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ барои хизмати шоиста ва нишондиҳандаҳои баланд дар тайёрии ҷангӣ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ сарфароз гардонида шуданд.

Инчунин  гурӯҳи дигар аз номи Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медалҳои ҷашнӣ, Ифтихорнома, рутбаҳои навбатии ҳарбӣ ва сарбозон бо мактуби миннатдорӣ ба волидон сарфароз гардиданд. Ҳамчунин ба ғолибони озмуну мусобиқаҳои фарҳангиву варзишӣ, ки ба ифтихори ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва Рӯзи таъсиси гвардия доир гардид, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим шуданд.

Баталиёни қаровули фахрии Гвардияи миллӣ маҳорати ҳарбии худро бо ҳаракатҳои мавзуни низомӣ, яъне платс-консерт бо силоҳи карабин ва як гурӯҳ хизматчиёни ҳарбӣ муҳорибаҳои тан ба танро бо маҳорату қобилияти баланд пешниҳоди ҳозирин намуданд.

Ҷамъомади тантанавӣ бо иҷро намудани суруди ифтихории Горди миллӣ ҷамъбаст гардида, дар охир тибқи анъанаи низомӣ афсарону аскарон таҳти оҳангҳои мутантани Оркестри ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашти низомӣ анҷом доданд.

АКС: Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 3, 2024 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар машқгоҳи саҳроии «Фахробод» тамринҳои амалӣ доир гардиданд
Роҳбарони Бюрои миллии марказии Интерполи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил вохӯрӣ намуданд
Вохӯрии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон доир шуд
Дар Душанбе дар мавзуи нақши занон дар фаъолияти милитсияи тоҷик ҳамоиш доир гардид
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Ба ҳар гуна паёмак бовар накунед!»
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад
Вазирони амнияти ҷамъиятӣ ва корҳои дохилии Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуданд
Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҷашни Истиқлоли давлатиро таҷлил намуданд
Ҷаласаи гурӯҳҳои кории ҳайатҳои ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон доир шуд
33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Вазорати корҳои дохилӣ ҳамоиши идона баргузор шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ ГВАРДИЯИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН. Ҳимояи истиқлолият ва тамомияти арзии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи асосии ин ниҳод аст
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар Душанбе дар ин мавзуъ ҳамоиш баргузор гардид