ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН-2024. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал вориди Тошканд гардид

Сентябрь 11, 2024 14:53

ДУШАНБЕ, 11.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футзал барои иштирок дар Чемпионати ҷаҳон-2024 ба шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон ворид шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар Фурудгоҳи байналмилалии Тошканд дастаи Тоҷикистонро намояндагони кумитаи ташкилии маҳаллӣ самимона истиқбол гирифта, ба ҳар узви дастаи мо тоқӣ бо рамзи чемпионати ҷаҳон тақдим карданд.

Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футзал-2024, ки аз 14 сентябр то 6 октябр дар Узбекистон баргузор мешавад, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «Е» баромад мекунад.

Ҳарифони дастаи яккачини мо дастаҳои мунтахаби Марокаш (16 сентябр), Португалия (19 сентябр) ва Панама (22 сентябр) мебошанд. Ду бозии аввали дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Тошканд ва вохӯрии сеюм дар Бухоро доир мешаванд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

 

Сентябрь 11, 2024 14:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо дастаҳои Озарбойҷон, Фаластин ва Чин муайян гардид
Душанбе маротибаи дуюм мизбони Ҷоми ҷаҳон оид ба самбо мегардад
Варзишгари тоҷик Ҷаҳонгир Камолов дар Мусобиқаи байналмилалии Ҷоми АвруОсиё соҳиби медали тилло шуд
Дар Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон бо варзишгарон-шиноварони Тоҷикистон вохӯрӣ доир гардид
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Нуробод иншооти нави таълимӣ, варзишӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардид
Варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои XX Осиёӣ иштирок менамоянд
Дар Олмон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистон мусобиқаи муштараки футбол доир шуд
Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти «Ҷоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз гардид
Дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ду иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2027 роҳ ёфт
Дар Тоҷикистон нахустин толори варзишии шамшербозии «Шеру Шамшер» ифтитоҳ шуд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон (U-20) дар бозии даври дуюми марҳилаи интихобӣ тими Афғонистонро мағлуб кард