Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 30.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимтарини дунё ба ҳисоб рафта, таърихи он ба дуҳазорсолаи пеш аз милод рост меояд. Насли ҷавон бояд огоҳ бошанд, ки ниёгонамон сарфи назар аз номеҳрубониҳои таърих то чӣ ҳад дар ҳифзи ватан ва муқаддасоти миллӣ, махсусан забони модарии хеш кӯшиш ба харҷ дода, барои мо забони тавоноро якҷо бо чунин осори арзишманди адабӣ ва таърихӣ ба мерос гузоштаанд. Чунин иброз гардид дар ҳамоише, ки бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ (5 октябр) дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд доир шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар ҳамоиш иброз гардид, ки имрӯз ин забонро чун забони бузурги тамаддуни башарӣ мешиносанд ва дар арсаи ҷаҳонӣ онро эътироф мекунанд. Забон мафҳуме зинда ва ҳамвора дар ҳаракат аст ва ҳамқадам бо рушду пешрафти ҷомеа тағйиру такомул ва инкишоф меёбад.
Таъкид гардид, ки акнун вазифаи ворисони забон он аст, ки ин кохи муҳташамро аз хавфҳои замони ҷаҳонишавӣ нигоҳ дошта, то ҷойи тавон онро бо ғановати бештар ба наслҳои оянда мерос гузоранд.
Ба иштирокчиён доир ба роҳи тайнамудаи забони тоҷикӣ дар давраҳои ҳассос ва озмоишҳои пай дар пайи таърихии он маълумот дода шуд. Ҳамчунин оид ба тарзи дурусти навишт, номгузорӣ, риояи қоидаҳои имло, дарки маънӣ дар истифодаи калима, услуби эҷод, бе ғалат тартиб додани маълумотномаю навиштаҷот аз ҷониби мутахассисони соҳаи забоншиносӣ маърузаҳо пешниҳод шуданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола 5 октябр дар ҷумҳурӣ Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Маҳз ҳамин сана интихоб шудани он ба 5 октябри соли 2009 қабул гардидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» рабт дорад.
АКС: Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






