«Дар Тоҷикистон танҳо дар ду соли охир ба амал омадани чангу ғубор 35 маротиба афзудааст», — бардошт аз конфронс дар Душанбе

Сентябрь 26, 2024 15:49

ДУШАНБЕ, 26.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Душанбе бо ибтикори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маркази тавсеаи идораи иттилооти офатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором дар мавзуи «Дарки таъсири тӯфонҳои чангу ғубор ба пиряхҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором: ба сӯи ҳифозат ва ҳамкорӣ» ҷаласаи минтақавӣ баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар кори конфронс намояндагону муҳаққиқон аз давлатҳои аъзои Маркази тавсеаи идораи иттилооти офатҳои Осиё ва Уқёнуси Ором, Маркази байналмилалии рушди якпорчагии кӯҳистонӣ, нозирон ва намояндагони созмонҳои гуногуни ҳукуматӣ ва байналмилалӣ аз давлатҳои Бангладеш, Бутан, Чин, Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Непал, Покистон ва Тоҷикистон иштирок намуданд.

Зимни конфронс масъалаҳои ҳамкории минтақавӣ дар самти таъсири тӯфонҳои чангу ғубор ва динамикаи обшавии пиряхҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гарждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода иброз дошт, ки «имрӯз дар аксар минтақаҳои ҷаҳон офатҳои табиӣ, аз қабили обхезӣ, заминларза ва тӯфонҳои чангу ғубор ба амал меоянд. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ чанд соли охир таъсири тӯфонҳои чангу ғубор ва обшавии пиряхҳо бештар гардида, танҳо дар ду соли охир ба амал омадани чангу ғубор 35 маротиба афзудааст».

Рустам Назарзода зимни ҷаласа аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубоҳисаҳои 79-уми умумии Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ёдовар шуда, ин иқтибосро мисол овард: «Тағйирёбии иқлим боиси обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши ҳаҷми оби дарёҳо дар манотиқи гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла дар Осиёи Марказӣ мегардад. Ин раванд ба бахшҳои воқеии иқтисоди миллӣ, аз қабили энергетика, саноат ва кишоварзӣ таъсири манфӣ мерасонад. То имрӯз аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон, ки сарчашмаи асосии оби ошомиданӣ дар минтақа мебошанд, зиёда аз як ҳазораш пурра об шуда, суръати обшавии онҳо рӯ ба афзоиш аст. Ин дар ҳолест, ки бориш ва пиряхҳои Тоҷикистон то 60 фоизи манбаи ташаккули захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд».

Гуфта шуд, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардидани соли 2025 барои рушди ҳамкории тарафҳои манфиатдор заминаи муносиб фароҳам меорад.

Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон Кавилмадам Рамасвами Парвати гуфт, ки солҳои охир ба амал омадани чангу ғубори зиёд ба яке аз масъалаҳои нигаронкунанда дар минтақаҳо табдил ёфтааст. Аз ин рӯ давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳидро зарур аст дар самти пешгирии офатҳои табиӣ якҷоя фаъолият намоянд.

«Ба амал омадани чангу ғубор асосан ба инсонҳо ва соҳаи кишоварзӣ таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ мо бояд ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоем, то мушкилоти инсонҳо ва соҳаи кишоварзии давлатҳо ба ҳадди имкон бартараф шаванд»,-афзуд Кавилмадам Рамасвами Парвати.

Иброз гардид, ки тӯфонҳои чангу ғубор ба пиряхҳо ва иқтидори офатҳои дуюмдараҷа, аз ҷумла хушксолӣ ва обхезӣ ба Осиёи Ҷанубӣ ва Ҷанубу Ғарбӣ, Осиёи Шарқӣ ва Шимолу Шарқӣ, Осиёи Шимолӣ ва Марказӣ таъсир расониданд.

Ҳамчунин иштирокчиён механизмҳои асосӣ ва фарқияти минтақавии таъсири тӯфонҳои чангу ғубор ба обшавии пиряхҳо, аз ҷумла суръати обшавӣ, хосияти ҳароратӣ ва таъсири мутақобили моддаҳои олудакунанда, мушкилот дар мониторинги таъсир, аҳамияти ҳамкории минтақавӣ ва фаромарзӣ дар робита ба ин масъала, стратегияҳо ва таҷрибаҳои беҳтарин барои мусоидат ба ҳамкории муассир ва мубодилаи маълумот байни коршиносонро баррасӣ намуданд.

Иҷрои Нақшаи чорабиниҳои минтақавӣ оид ба мубориза бо тӯфонҳои чангу ғубор дар Осиё ва Уқёнуси Ором низ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Дар охир барои баргузории Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки тибқи қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид соли 2025 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад, тавсияҳо пешниҳод шуданд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Сентябрь 26, 2024 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон