Дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон ҷаласаи комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ баргузор гардид

Сентябрь 20, 2024 17:03

ДУШАНБЕ, 20.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997–2006-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» дар Вазорати мудофиаи мамлакат бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон-раиси Комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ Дилрабо  Мансурӣ, ҳайати роҳбариву фармондеҳии Вазорати мудофиа, намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокурори ҳарбӣ ва дигар мақомоти давлатии вобастаи даъват ҷаласаи комиссияи даъвати ҷумҳуриявӣ баргузор гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ хабар доданд, роҳбарияти Вазорати мудофиаи Тоҷикистон, пеш аз ҳама, натиҷаи даъватҳои пешин ва сатҳу сифати хизмат дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбариро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода, дар ин самтҳо шахсони масъулро бо супоришҳои мушаххас вазифадор намуданд.

Аз ҷумла, барои иҷрои дастуру  супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат, талаботи санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии амалкунанда дар соҳаи даъват ва вобаста ба теъдоди умумии захираҳои даъватӣ дар мамлакат таъкид шуд, ки дар мавсими навбатии даъват ва муҳлати пешбинигардида мақомоти ба он вобастаро зарур аст, ки бо масъулияти баланд ва дарки муҳимияти ин чорабинии муҳими давлатӣ амал намоянд. Ҳамзамон дар заминаи корҳои анҷомдодаи тодаъватӣ ва омӯзиши пешакии даъватшавандагон ҷавонони руҳану ҷисман солим ва аз ҳама лиҳоз обутобёфтаро ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои хизмат ба халқу Ватан равона намоянд.

Ҳамзамон масъалаҳои омӯзиши ҳаматарафаи захираҳои даъватӣ, шахсияти даъватшавандагон, мутобиқ ба талаботи қонунгузории низомӣ ба роҳ мондани тайёрии тодаъватии ҷавонон барои адои хизмати ҳарбӣ, омода намудани мутахассисон аз ҳисоби ҷавонони синни даъватӣ, ҳамоҳангии фаъолияти мақомоти вобастаи давлатии даъват ва тавсеаи корҳои мақсаднок дар ҷараёни даъват аз масъалаҳои дигари баррасигардида буданд.

Ин масъалаҳо аз ҷониби иштирокчиён мавриди таҳлилу омӯзиши ҳамаҷониба қарор гирифтанд.

АКС: Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 20, 2024 17:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд
Дар ноҳияи Мастчоҳ аввалин гурӯҳи ҷавонони синни даъватиро ба хизмат гусел намуданд
ХИЗМАТ БА ВАТАН ШАРАФ ВА ҶАСОРАТ АСТ! Ҷавонони ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҳисси баланди ватандӯстӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир гардид