Эмомалӣ Раҳмон: «То моҳи августи соли 2025 ба сатҳи 1110 метр баланд бардоштани сарбанди НБО-и «Роғун» таъмин карда шавад»

Сентябрь 28, 2024 14:44

ДУШАНБЕ, 28.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз зимни суханронӣ бо бунёдгарони Неругоҳи барқи обии «Роғун» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки ҳоло дар сохтмони иншооти неругоҳ зиёда аз 17 ҳазор нафар коргарону кормандони муҳандисиву техникӣ фаъолият мекунанд, ки ин шумора нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3 ҳазор нафар зиёд мебошад. Шумораи мошину механизмҳое, ки дар сохтмон истифода мешаванд, ба 3843 расонида шудааст, аз ҷумла дар давоми солҳои 2023 – 2024 ба майдони сохтмон 400 мошину механизмҳои нави пуриқтидор ворид карда шудаанд.

«Тавре маълум аст, корҳои сохтмони неругоҳ ба лотҳои алоҳида тақсим шудаанд, ки амалисозии онҳо ба ҳамдигар вобастагии мустақим дорад. Яъне қафомонӣ дар яке аз лотҳо боиси қафомонии корҳо дар дигар самтҳо мегардад. Аз ин лиҳоз, зарур аст, ки фармоишгар – Ҷамъияти саҳҳомии «Неругоҳи барқи обии Роғун» ва намояндаи фармоишгар – Ширкати «Трактебел» ташкил ва таъмини босуботи ҷараёни корҳоро дар байни лотҳо боз ҳам беҳтар танзим ва ҳамоҳанг созанд»,-таъкид намуданд Пешвои миллат.

Президенти мамлакат хотирнишон сохтанд, ки «бунёди сарбанд, ки аз иншооти муҳимми неругоҳ ба ҳисоб меравад, ба зиммаи ширкати «Вибилд»-и Итолиё вогузор шудааст. Мо имрӯз шоҳиди он гардидем, ки корҳои бетонхобонӣ дар таҳкурсии ядрои сарбанд ва галереяҳои он тибқи лоиҳа ба анҷом расида, дар маҷмуъ, 300 ҳазор метри мукаабро ташкил додаанд. Таъкид менамоям, ки бо вуҷуди корҳои то имрӯз анҷомдодашуда, Ширкати «Вибилд»-ро зарур аст, ки бо истифода аз боду ҳавои мусоид тамоми тадбирҳои амалиро андешида, дар моҳи августи соли 2025 ба сатҳи 1110 метр баланд бардоштани сарбандро таъмин намояд».

Сарвари давлат таъкид намуданд, ки дар ин самт ширкатро зарур аст, ки корҳоро бо реҷаи шабонарӯзӣ роҳандозӣ ва шумораи мошину механизмҳоро бамаротиб зиёд карда, бо истифодаи самараноки хатти конвейерӣ ва дигар роҳҳои ҳамлу нақл захираи ҳаҷми зарурии маводи сарбандро таъмин созад.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сентябрь 28, 2024 14:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
«GEOSCIENCE & EXPLORATION CENTRAL ASIA». Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии геологӣ иштирок намуд
Сармоягузорони Чин бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии МОИ «Данғара» шинос шуданд
Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии электроэнергетикии Қазон – «ЭНЕРГОПРОМ» иштирок намуд
«Shohin Airlines» ҳавопаймои нави L410 NG харидорӣ менамояд
Вазири энергетикаи Тоҷикистон бо истеҳсоли таҷҳизоти турбинаҳои газии гурӯҳи ширкатҳои «АМКОР»-и Тотористон шинос шуд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
Дурнамои рушди ҳамкории гумрукӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид