Гурӯҳи кории Бонки осиёии рушд ба сифати сохтмони иншооти соҳаи тандурустӣ дар Файзобод баҳои баланд дод
ФАЙЗОБОД, 03.09.2024. /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи корӣ иборат аз намояндагони Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд бо мақсади шиносоӣ бо сохтмони иншооти тандурустӣ дар ноҳияи Файзобод ва натиҷагирӣ аз татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак” ба ин ноҳия сафар намуд. Дар ин хусус ба хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар дафтари матбуоти Раиси ноҳияи Файзобод хабар доданд.
Дар доираи татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак” дар ноҳияи таҷрибавии Файзобод сохтмони маркази ташхису табобат, таъмири бинои Беморхонаи марказӣ ва шуъбаи таваллуд дар назди Беморхонаи марказии ноҳия идома дошта, корҳои навсозӣ дар арафаи анҷом қарор доранд. Гурӯҳи кории Бонки осиёии рушд ба сифати сохтмон баҳои баланд дода, барои бо ин раванд ба итмом расонидани корҳо ибрози назар намуд.
Иҷрокунандаи алтернативии директори Бонки осиёии рушд Ним Дордҷи бо татбиқи лоиҳаҳои сармоягузории таҳти маблағгузории бонк амалишаванда шинос шуда, аз раванди татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак”, ки дар назди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад, изҳори қаноатмандӣ намуд.
Иброз шуд, ки дар натиҷаи ҳамкории судманди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осёии рушд татбиқ гардидани чунин лоиҳаҳо дар бахшҳои мухталиф ва хосса тандурустӣ ба рушди бемайлони соҳа такони ҷиддӣ мебахшад.
Дар доираи сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии рушд дар солҳои соҳибистиқлолӣ ҳамкории судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд густариш пайдо намуд. Дар ин замина якчанд лоиҳаи сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталиф татбиқ шуданд, ки нақши онҳо дар рушди соҳаҳои хоҷагии халқ муассир арзёбӣ мегардад.
Таҳия ва татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ дар бахши тандурустӣ дар доираи ҳамкории судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд дар боло бурдани вазъи хизматрасонии тиббӣ дар мамлакат нақши босазо гузошт. Татбиқи Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак” аз ин ҷумла аст.
Беҳтар намудани хизматрасонии маҷмуии босифат оид ба ҳифзи саломатии модар ва кӯдак, такмилдиҳӣ ва беҳтаркунии инфрасохтор ва таҷҳизот, баланд бардоштани сатҳи дониш дар соҳаи саломатии модару кӯдак дар ноҳияҳои таҷрибавии Файзободу Рашт ва Шамсиддини Шоҳин аз ҳадафҳои аслии лоиҳа маънидод мегардад.
Дар доираи ҳамкории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд амалисозии Лоиҳаи “Хизматрасониҳои маҷмуӣ барои модар ва кӯдак” маҳз дар ноҳияҳое амалӣ гардид, ки ҳолати инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ба талаботи давр ҷавобгӯ набуд ва норасоии таҷҳизоти муосири тиббӣ дар муассисаҳои тандурустӣ ба раванди хизматрасонии тиббӣ монеа эҷод менамуд. Интихоб ва татбиқи лоиҳа дар ноҳияи Файзобод маҳз ба хотири ислоҳи чунин камбудиҳо буд.
Маҳз бо дарки чунин мушкилот ва ҳалли саривақтии он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Бонки осиёии рушд татбиқи ин лоиҳаро дар ноҳияҳои таҷрибавии гуфташуда, бахусус Файзобод амалӣ намуданд.
Дар назар дошта шудааст, ки бо таъмиру навсозии Беморхонаи марказии ноҳиявӣ 10 шуъба бо 216 кати бистарӣ таъмин карда шуда, сохтмони маркази ташхису табобат иборат аз 6 шуъба бо 28 кати бистарӣ ба роҳ монда шавад.
Инчунин дар доираи амалигардонии лоиҳа навсозии инфрасохтор (шабакаҳои оби нӯшокӣ, корезӣ, гармитаъминкунӣ, ҳавотозакунӣ ва барқ) ва сохтмони иншоот барои истеҳсоли гази табобатӣ (кислород) ба нақша гирифта шудааст. Баъд аз сохтмон ин иншоот бо тамоми дастгоҳ ва лавозимоти тиббиву маишӣ таъмин карда мешаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Файзобод








Оид ба барномаи ислоҳоти маблағгузории тандурустӣ вохӯрӣ баргузор шуд
Доир ба нақши мероси тамаддунҳои бостонӣ дар ташаккули давлатҳои муосири миллӣ конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар Душанбе намоиши ҷойҳои кории холӣ ва имкониятҳои нави шуғл баргузор гардид
Дар Деҳлии Нав Саммити дуюми глобалии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ идома дорад
Фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ густариш меёбад
Фарҳод Раҳимӣ: «Паёми Президенти Тоҷикистон заминаи стратегии рушди иқтисодӣ ва худшиносии миллӣ аст»
Ҳар сол дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон беш аз 200 ҳазор ҷойи нави кор таъсис дода мешавад
Дар Тоҷикистон Фонди кафолати қарзҳо таъсис дода мешавад
Соли 2026 «Соли вусъат додани корҳои ободонию созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносию худогоҳии миллӣ» эълон гардид
Президенти Тоҷикистон соли 2025-ро соли дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳими таърихӣ номиданд
Аз 1 сентябри соли 2026 маоши вазифавии кормандони соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ ва муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ зиёд карда мешавад
Таҷрибаи ислоҳоти ҳуқуқии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалӣ муаррифӣ карда шуд






