ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Он барои миллати тоҷик эҳёи навин, ҳосили хиради зотӣ ва подоши сазовори таърихӣ мебошад

Сентябрь 8, 2024 10:16

ДУШАНБЕ, 08.09.2024 /АМИТ «Ховар»/. Инсон ҳамеша дар пайи ба даст овардани истиқлолият будааст. Зеро танҳо истиқлолият замина ва асоси зиндагии комил, дурахши симо ва сиришти инсонии ӯ мебошад. Дар муддати қариб 35 соли даврони Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон миллати тоҷик ин падидаи волои башарӣ – истиқлолияти давлатиро дар зиндагӣ ва сиришти худ хуб эҳсос кардааст.

Истиқлолият – озодӣ ва дастоварди беҳини инсонӣ дар ҳамаи давру замонҳо маҳсуб мешавад. Аммо, аввалан, ба он шарафёб бояд шуд ва сипас, ба қадри он бояд расид ва моҳияти онро дарк кард, вагарна истиқлолият беш аз як вожаи зебои ҳавасангезе наметавонад бошад. Чунин изҳори андеша намудааст Шоири халқии Тоҷикистон, ходими адабии АМИТ «Ховар Камол Насрулло.

Воқеан, барои расидани миллат ба истиқлолияти давлативу миллӣ танҳо истиқлолияти ҷисмонӣ ва ҳудудиву марзӣ кам аст, агар истиқлолияти руҳониву маънавии ӯ набошад. Як миллат танҳо он вақт ба мақсадҳои наҷиб ва қуллаҳои баланди армонҳои миллии худ мерасад, ки ин истиқлолият дар андеша, тафаккур ва шуури он халқ ба даст ояд.

Гузаштагони хирадманди мо давоми садсолаҳо кӯшидаанд истиқлолияте ба даст оваранд, ки нахуст дар одобу суннат ва шууру андешаи инсон замина гузораду шакл гирад. Ҳама бузургон ва нобиғагони илму адаби мо пайи ба даст овардани ҳамин истиқлолияти маънавӣ заҳматҳо кашидаанд. Он пирӯзиҳое, ки фарзандони нобиғаи миллати мо дар дунёи маонӣ ва дар олами маънавӣ ба даст овардаанд, дар фатҳи ҳамин арзишҳо, яъне, ормонҳои миллӣ зоҳир мешаванд. Ва яке аз заминаҳои бо ҳама ғасбу ғорат ва ҷабрҳои таърих аз байн нарафтану пойдор мондани миллати мо маҳз дар ҳамин пирӯзии истиқлолияти маънавӣ аст, ки ғосибон натавонистанд онро аз байн бубаранд, балки то ҷойе гирифтору мутеъи он шуданд.

Ин истиқлолият дар чӣ зоҳир мешуд? Пеш аз ҳама, дар забон, одоб, фарҳанг ва илму адаби миллати мо! Ин истиқлолияти маънавӣ, ки миллати моро нигоҳ дошту пуштибони ӯ буд, пеш аз ҳама, дар маросим ва ойину суннатҳои баланди миллӣ, дар таълимоте, ба мисли футуввату ҷавонмардӣ падид омада буд. Бунёди ҳамин маънавиёти бузург ва сабақҳои гарони таърихӣ буд ин истиқлолияти пурбаҳои бадастомада. Яъне, Истиқлолияти давлатии имрӯзи ҷумҳуриамонро халқи соҳибтамаддуни мо пас аз садсолаҳо бо баландтарин арҷгузориҳо истиқбол гирифту қабул намуд. Мо худ шоҳиди онем, ки ҷоннисорӣ дар роҳи истиқлолияти миллӣ метавонад дар кӯтоҳтарин даврон миллатро ба сӯи комёбиҳое раҳнамун созад, ки давоми садсолаҳои дар тасарруфи бегонагон будан аз он ҳатто умеди орзу ҳам набуд. Яъне, миллати соҳибхиради мо дар ин давраи хеле барои халқамон масъули таърихӣ ба моҳияти истиқлолияти бадастомада дуруст сарфаҳм рафта, аввалан ғояҳои баланди миллиро пайгирӣ намуд ва пирӯзиҳои таърихие ба даст овард. Ҳарчанд ин муддат дар пеши таърихи ҳазоронсолаи мо мисоли як нафас аст.

Дар хусуси дастовардҳои даврони Истиқлолияти давлатӣ борҳо гуфтаему гуфтаанд ва онҳо худ аён ҳастанд. Аз ҷумла, бо шарофати ҳамин озодӣ ва ҳамин Истиқлолияти давлатӣ буд, ки Тоҷикистони азизи мо чун давлати соҳибихтиёр забони модарии худро забони давлатӣ эълон намуд, бо ҳамин шарофат буд, ки ҷумҳурии мо чун давлати соҳибихтиёр Конститутсияи арзанда қабул карду рӯи кор овард ва он эътирофи ҷаҳонӣ ёфт. Ҳамин шарофат буд, ки тамоми муқаддасоти миллии мо рӯйи кор омадаву эҳёи дубора ёфтанд ва Парчами баланди давлатии ҷумҳуриамон дар баландиҳои истиқлолият парафшон гардидаву Нишони зебои давлатиамон сарбаландона дар маркази пойтахт бо ифтихор сарфарозӣ мекунад.

Бо шарофати ҳамин Истиқлолияти давлатӣ, фидокориҳои халқамон ва фарзандони наҷиби он буд, ки дар Тоҷикистони дар муддати як фасл (зимистон) бо сабаби бероҳӣ аз ҳам ҷудобуда дар муддати кӯтоҳ тамоми гӯшаҳо бо бунёди нақбҳои бузург, шикофтани кӯҳҳову бунёди роҳҳо бо ҳам васл гардид, яъне, Тоҷикистони дар фасле пароканда Тоҷикистони ҳамеша бутун гардид. Шарофати ҳамин истиқлолият буд, ки роҳҳои вайрону валангори мамлакат дар муддати кӯтоҳ ба роҳҳои сатҳи баланди байналмилалӣ табдил ёфтанд.

Бале, бо шарафи ҳамин Истиқлолияти давлатӣ буд, ки яке аз сохтмонҳои бузурги аср- Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки дар дунё шабеҳ надораду дар осоиштатарин даврони шуравӣ бунёд карда нашуд, дар душвортарин даврон- дар солҳои аввали истиқлолияти ҷумҳурӣ, ки ҳанӯз давлату Ҳукумат ва халқи тозаистиқлолёфтаи тоҷик нав қомати осудагӣ меафрохту мушкилоти зиёде гулӯгираш буданд, бо нангу номус ва заҳматҳои халқ ва Пешвои ҷоннисору ватандӯсташ бунёди он оғоз ва дар муддати кӯтоҳ агрегати аввалаш ба кор андохта шуд. Ин баландтарин пирӯзии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизи мо буд. Неругоҳе, ки ҳама дунё бовар надошт, ки бунёдаш имкон дорад ва ҳама олам муқобил буду танҳо як нафари ватандӯст мегуфт: мо месозем!, сохта шуд! Аз ин беш чӣ метавон гуфт дар хусуси дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон?!

Мо дар хусуси дастовардҳои зиёди соҳаҳои дигари хоҷагии халқ, аз ҷумла саноату кишоварзӣ, сохтмонҳои муҳташам ва ғайраҳо сухан намекунем, чун ҳама маълуму аён ҳастанд.

Дар мавриди дастоварду пирӯзиҳои маънавии халқамон дар даврони Истиқлолияти давлатӣ низ метавон бо ҳазор ифтихор сухан намуд. Дар соҳаи илму маориф, тандурустӣ, адабиёт ва фарҳанг навгониҳое рӯи кор омаданд, ки хеле дурахшонанду ифтихорангез.

Ин қадар ғамхориҳои дурахшон дар соҳаи такмилу пешрафти маънавиёти миллиамон давоми таърих бо нанги миллӣ ҳаргиз рӯи кор наомада буданд.

Танҳо ёдовар шудан аз озмунҳое, ки бо ташаббус ва иқдоми Пешвои миллат баргузор шуданд, кофӣ аст, ки чӣ қадар такон ба ин маънавиёт доданду миллати мо, хусусан, наврасону ҷавонони моро роҳнамои роҳи ростини илму адаб гардониданд.

Ва яке аз дастовардҳои беҳтарин ва асосӣ, ба андешаи ман, ин руҳияи баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ аст, ки аз сиришти Пешвои миллатамон ба сиришти ҳама мардум роҳ ёфтаву дар дилашон ҷой гардидааст. Ин ифтихори баланди ватандӯстӣ ва ғурури миллӣ барои миллати мо дар ин даврони худшиносиҳо хеле зарур аст.

Метавон ин номгӯйро хеле идома дод, зеро бунёдкориҳо хеле зиёданд. Саволе ба миён меояд, ки ин ҳама дастовардҳои дар муддати кӯтоҳи таърихӣ бадастомада нишони чӣ аст? Нишони он ҳастанд, ки миллати куҳанбунёд ва соҳибтамаддуни мо бо сарварии Пешвои миллати худ, бо истиқболи гарму ватандӯстона аз Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азиз дар роҳи пирӯзиҳо, фатҳи қуллаҳои нав ба нави армонҳои миллӣ ва эҳёи навини мамлакати куҳанбунёду соҳибтамаддунамон қадамҳои шоиста мебардорад.

Мехоҳем таваҷҷуҳи шуморо ба андешае равона кунем, ки истиқлолияти ҷисмонӣ, яъне, марзиву ҳудудӣ ҳамон вақт комил ва пойдор хоҳад буд, ки бо истиқлолияти маънавӣ ва ғоявию ормонии халқамон нерумандтар гардад.

Ба гумони банда, Ҳукумати Тоҷикистон, халқи соҳибидроки мо ва хусусан Пешвои соҳибирода ва ватанпарвари он аз оғози рӯзҳои расидан ба Истиқлолияти давлатӣ бо такя ба хираду таҷрибаи таърихии халқамон маҳз ба ҳамин ҷанбаи маънавии Истиқлолияти давлатӣ аҳамияти хосса доданд, зеро маҳз ҳамин амал кафолати пойдории Истиқлолияти таърихии давлатии моро дода метавонад.

Ҳанӯз дар оғози Истиқлолияти давлатӣ мафҳуму истилоҳоти навини сиёсие рӯи кор омаданд, ки давоми садсолаҳои таърихи миллатамон вуҷуд надоштанд. Инҳо мафҳуму истилоҳоти тақдирсози даврони истиқлолияти давлатии мо буданд, аз ҷумлаи худшиносии миллӣ, ваҳдати миллӣ, ифтихори миллӣ, ягонагии миллӣ, шинохти ҳувияти миллӣ ва ғайра, ки аз ин пеш дар истеъмол набуданд. Маҳз ҳамин сиёсат, яъне сиёсати худшиносии миллӣ ва ваҳдату ягонагии миллӣ, пайгирӣ аз ғояҳо ва армонҳову ҳадафҳои баланди миллӣ, шинохти ҳувияти миллӣ имрӯз моро роҳнамои роҳи ростини озодӣ ва истиқлолият гардонид ва кафолати пирӯзии халқамонро фароҳам овард.

Мафҳуме дурахшон ва ангезандаву ватандӯстонае чун эҳёи миллӣ низ самари замони навини истиқлолият аст. Бубинед, ҳамин як ибора дар худ чӣ қадар ормони миллӣ ва ҳадафҳои бузурги халқу ҳукуматамонро имрӯз пайгирӣ менамояд. Эҳёи миллӣ ва ё эҳёи Тоҷикистон ва ё эҳёи Ватан!

Аз ин рӯ, ба саволи маъмули «Истиқлолияти давлатӣ ба мо чӣ дод?» ҷоиз аст чунин посух бидиҳем: Истиқлолияти давлатӣ ба мо аз ҳама бебаҳотарин ва қиматтарин падидаи таърихӣ — эҳёи навини сарзамини аҷдодиямонро дод, ки метавон онро беҳтарину волотарин дастоварди таърихии миллатамон донист.

Ҳоло эҳёи Ватани таърихӣ ва таҳкими Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон идома дорад. Бале, эҳёи навини таърихии мамлакати бостонии тоҷикон ҳосили хиради зотӣ ва сиришти неки мардум, заҳматҳои фарзандони наҷиби он ва подоши сазовору адолатмандонаи таърихии халқи некманишу хайрхоҳи тоҷик аст!

Пас, фирӯзу фархунда бод ҷашни муборак — 33-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Камол НАСРУЛЛО,
Шоири халқии Тоҷикистон,
ходими адабии АМИТ «Ховар

АКС аз манбаъҳои боз

Сентябрь 8, 2024 10:16

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Панҷакент бахшида ба 33-солагии Истиқлоли давлатӣ якчанд иншоот ифтитоҳ шуд
Дастаи «Хатлон-2» соҳиби «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» гардид
Дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҷашни Истиқлоли давлатиро таҷлил намуданд
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт корхонаҳои дӯзандагӣ, ҷӯроббофӣ ва коргоҳи пойафзолдӯзиро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт ба фаъолияти корхонаи ресандагии ҶДММ «Саноати Ашт» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт ба ятимон туҳфаҳои идона тақдим намуданд
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт бо фаъолияти хоҷагии деҳқонии «Абдуҷаббор» шинос шуданд
33-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ корхонаи саноатӣ, бунгоҳи тиббӣ ва бинои баландошёна ба истифода дода шуд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт корхонаи парандапарварӣ ва фермаи чорвопарварии ҶДММ «Рахшона»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ашт бо фаъолияти ҶДММ «Рахшона» шинос шуданд
РУШДИ ТАНДУРУСТӢ ДАР ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. Зиёда аз 270 санади меъёриву ҳуқуқӣ ва барномаву стратегияҳо қабул ва амалӣ гардиданд
Дар деҳаи Ҳаёти нави шаҳри Ваҳдат бинои нави муссисаи таълимӣ ба истифода дода шуд